LIVE

Шореҳи Матч-ТВ аз мавқеи корияш канор рафт

Пас аз оне,ки  дар мавриди аз ҳуқуқи пахши бозиҳои Премер Лигаи Англия  маҳрум шудани шабакаи варзишии маъруфи Федератсияи Россия-Матч-ТВ хабар диҳем,бояд гуфт, ки аллакай якбора ду шореҳи шинохтаи ин шабакаи номвари  Руссия аз вазифаашон канор рафтаанд. Ба итилоъи расонаҳои хабарӣ Роман Гутсайт ва Филипп Кудрявсев,ки пештар чун  шореҳони варзишӣ дар шабакаи телевизионии Матч-ТВ фаъолият мебурданд,аллакай бо “Окко Спорт” шартнома имзо намудаанд. Шабакае,ки минбаъд кулли бозиҳои Премер Лигаи Англияро  дар мавсими оянда манзури бинандагон менамояд.
Роман Гутсайт дар ҷои кори наваш муовини сармуҳаррири видео-нашрияи “Окко Спорт”-Владимир Стогнинеко таъин шуда,ҳамчунин шореҳи Премер Лигаи Англия дар мавсими солҳои 2019-20 хоҳад буд. 
“Дар тӯли ҳаётам ман зиёда аз ду ҳазор бозиҳоро шореҳӣ намудаам ва бештар аз ҳазор барномаҳоро дар телевизион пеш бурдаам. Ин таҷрибаи ғаниест бароям,вале ман мебинам,ки дар кадом  самт бояд рушд намоям ва ҳамчун  шореҳ чӣ тавр пешсаф бошам. Албатта ба даст овардани таҷрибаи маъмурӣ дар вазифаи муовини саруҳаррири видео-нашрияи “Окко Спорт””-гуфта буд Гутсайт.
Ёдовар мешвем,ки пештар ба  сафи шореҳони Премер Лигаи Англия Кирилл  Дементйев, Александр Елагин ва Денис Алхазов шомил шуда буданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив