LIVE

Шериддин Бобоевро дар Ватани Роналду интизоранд

Ҳамлагари тими миллии футболи Тоҷикистон ва бошгоҳи “Истиқлол”-и Душанбе Шериддин Бобоев имкон дорад, ки корномаи варзишии худро берун аз марзи кишвар идома диҳад. Ба ин футболбози ҷавони тоҷик клуби футболи “Риу Аве”-и Португалия таваҷҷуҳ зоҳир намудааст. Қарордоди ҳамкории Шериддин Бобоев бо дастаи футболи “Истиқлол”, то охири соли 2020 эътибор дорад. Тавре агенти футбол аз Тоҷикистон Кова Тилавпур ба сомонаи ТВ Футбол хабар дод, ҷонибҳо дар мавриди гузариши ҳамлагар феълан ба мувофиқа нарасидаанд, аммо клуби португалӣ воқеан ҳам ба Шериддин Бобоев шартнома пешниҳод кардааст ва умед дорад, ки қабл аз оғози чемпионати кишвараш ин футболбози тоҷиро ба ҳайати хеш ҷалб месозад.  Ҷониби “Истиқлол” бошад, аз ин бозигари худ ҷудо шудан намехоҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив