LIVE

“Ювентус” Мессиро бо Роналду ҳамдаста карданист

Ба иттилои Sport пас аз эълони рафтани Месси аз “Барселона” дастаи “Ювентус” низ дар феҳристи довталабҳо барои ҷалби ҳамлавари аргентинӣ шомил шуд. Эҳтимол меравад, ки шояд дар оянда Месси ва Роналду метавонанд ҳамдаста шаванд, чаро ки “Ювентус” хостори чунин гузариш аст.   Дар навбати худ баъд аз омдани Роналду ба Италия нуфузи Серияи А дучанд афзуд ва агар Месси низ ба футболи ин кишвар шомил шавад, чемпионати Италия аз зумраи маъруфтаринҳо хоҳад шуд.  Давоми ду рӯзи охир сару садоҳо дар хусуси тарки “Барса” намудани Месси сомонаҳои иҷтимоиро ба ларза даровардааст.  Леоро як замон ба Сити мебаранду фурсати дигар ба “Интер” ва “ПСЖ”. Ҳамчунин ба қавли Sport миёни харидорони эҳтимолии Месси ҳамчунин “Ювентус” ҳам дар байн даромадааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив