LIVE

«ПСЖ» баъд аз 9 соли интизорӣ ва сарфи 3 миллиард дар финал

«ПСЖ»  ниҳоят ба финали Лигаи қаҳрамонҳо баромад. Соҳибмулкони қатарӣ аз аввал чунин ҳадаф доштанд ва барои амалӣ гаштани он то ба охир мубориза бурданд.  Дар тӯли ин солҳо шайхҳо аз бохту нокомиҳои даста дилсард нашуданд, балки танҳо бовар доштанд, ки ҳамааш хуб мешавад. Масалан, дар моҳи май, президенти «ПСЖ»  Нассер ал-Хелайфӣ гуфт, ки ӯ аз иҷрои корҳо ифтихор мекунад.  Дастаи ӯ дар оғози сафар қарор дорад ва роҳ туллонӣ хоҳад буд.  Баъд аз 9 соли интизорӣ ҳамакнун онҳо ба финал расиданд. 
Натиҷаи ҳунарнамоии  «ПСЖ» дар Лигаи чемпионҳо замони роҳбарии Нассер ал-Хелайфӣ
2012/13: 1/4 финал. Нокомӣ аз «Барселона»
2013/14: 1/4 финал. Нокомӣ аз «Челси»
2014/15: 1/4 финал. Нокомӣ аз «Барселона»
2015/16: 1/4 финал. Нокомӣ аз «Манчестер Сити»
2016/17: 1/8 финал. Нокомӣ аз «Барселона»
2017/18: 1/8 финал. Нокомӣ аз «Реал»
2018/19: 1/8 финал. Нокомӣ аз «Манчестер Юнайтед»
Як ҳафта қабл то дақиқаи 89-уми бозӣ қариб буд, ки «Аталанта» боз роҳи «ПСЖ»-ро дар Лигаи Чемпионҳо баста мекард ва силсила нокомиҳои парижиҳо идома меёфт. 
Кадом мураббиён бо «ПСЖ» талош карданд то ба финали Лигаи чемпионҳо бароянд? 
Карло Анчелотти (2011 – 2013)
Лоран Блан (2013 – 2016)
Унаи Эмери (2016 – 2018)
Томас Тухел (2018...)
Мисле, ки  танҳо Тухел дар Париж дастаи воқеан ҳам пурқудрат ташкил кард, дигарон фақат ситораҳои футбол ҷамъоварӣ кардаанду тамом.  
Шуруъ аз соли 2011 чи қадар маблағ дар трансфер сарф кард?
2011/12: 95,8
2012/13: 110,8 
2013/14: 109,4 
2014/15: 49.5
2015/16: 114 
2016/17: 136 
2017/18: 238 
2018/19: 227 
2019/20: 95 
Ҷамъ: 1,2 млрд евро

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив