LIVE

Танҳо панҷ футболбоз аз ҳайати феълӣ дар «Барселона» боқӣ мемонад

Бошгоҳи «Барселона» пас аз шикасти бузург дар даври ¼ ниҳоии Лигаи Чемпионҳо аз тими «Бавария» (2-8) тасмим гирифтааст, ки ба ҳайати даста тағйироти ҷиддӣ вори намояд.

Ба иттилои Mundo Deportivo, дар даста Лионел Месси, Френки де Йонг, Марк-Андре тер Стеген, ҳамчунин футболозони ҷавон – Ансу Фати ва Рики Пуч боқӣ мемонанду халос.

Ҳамин тариқ, «Барса»-ро футболбозони зерин метавонанд тарк кунанд:
Луис Суарес, ки корномааш тобистони соли 2021 ба анҷом мерасад;
Самюэл Умтити  ва Усман Дембеле (бинобар зуд-зуд ҷароҳат  бардоштанашон); 
Антуан Гризманн, Жерар Пике, Жорди Алба, Иван Ракитич, Серҷи Роберто, Артуро Видал ва Нелсон Семеду;

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив