LIVE

Акси Месси ва тер Штеген шабакаҳои иҷтимоиро ларзонд

Журналист Хавйер Лантса аксеро аз утоқи либосивазкунии дастаи “Барселона” дар замони танаффуси қисми аввал ва оғози пайти дуюм расонаӣ кард, ки дар як фурсати кӯтоҳ зуд дар ҷаҳон паҳн шуд.   
Дар расм ҳамлагар Лионел Месси ва дарвозабон Марк-Андре тер Штеген дида мешаванд, ки ҳоли табоҳ доранд. Ин расм баъд аз анҷоми қисми аввал, ки каталониҳо 4 гол хӯрданд,  аккосӣ шудааст. 
Ёдовар мешавем, ки “Барселона” дар даври ¼  ниҳоӣ аз “Бавария” бо ҳисоби калони 8 бар 2  шикаст хӯрд. Ҳаводорони футбол аз рӯзноманигор хоҳиш кардаанд, ки акси баъди бозиро низ дар саҳифаи худ гузорад то бубинанд, ки муҳит дар ҳайати бозигарони “Барса” баъд аз ҳисоби 8 бар 2 чӣ гуна будааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив