LIVE

Сарри: “Ювентус” дар бозӣ бо”Лион” муносибати дигар хоҳад кард

Сармураббии “Ювентус” дар бораи он, ки оё дастааш пеш аз бозӣ бар муқобили “Лион” пас аз се мағлубият дар Серияи А ягон ташвише дорад.
“Мо бояд аз лиҳози рӯҳӣ ва ҷисмонӣ худро барқарор кунем. Эҳтимол мо дар бозиҳои охирин назоратро аз даст додем. Пас аз ғалаба бар “Латсио” мо каме фориғболӣ кардем.  Дубора ба ҳолати корӣ баргаштанамон мушкил шуд. 
Тарси андаке ин хуб аст. Мо бояд эҳсоси бозии воқеиро дарк кунем ва барои ғалаба мубориза бурданро омӯзем. Аммо ман итминон дорам, ки дар бозии “Лион” нисбат ба бозиҳои охирине, ки Шумо дидед,  тамоман дигар хел муносибат хоҳем кард.
Дуруст аст, ки мо баъд аз ғалаба дар Сериаи А каме фориғболӣ кардем. Ман бозии қаблии дастаамро пазмон шудаам ва бар муқобили “Лион” мо нақшаи навро таҳрезӣ кардаем”, иқрор шудааст Сарри.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив