LIVE

Дар Каталония шумораи Мессиҳо меафзояд

Институти оммори Каталония боз як таҳқиқоти дигари худро дар бораи Лионел Месси ба анҷом расонид. Таҳлилҳо нишон додааст, ки то соли 2019 дар Каталония беш аз 500 кӯдак исми Мессиро гирифтаанд.  Падару модарон аз муҳаббати зиёд нисбати капитани дастаи “Барселона” исми фарзанди худро чунин гузоштаанд. Соли 2000-ум замоне, ки Месси ба  Барселона омад, ҳамагӣ 4 нафар Лео ном дошт. Дар соли оянда чунин исмро касе интихоб накарда буд. 
Соли 2004 замоне, ки футболбози аргентинӣ дар даста аввалин бозиашро оғоз кард, дар маҷмуъ 11 кӯдак Месси ё худ Лео ном доштанд. Аз рӯи оморҳо ин исм аз рӯи маъруфият дар зинаи 262-юм қарор дошт. Ҳамасола ин шумора афзоиш меёбад.  Соли  2010 дар Каталония 136 исми Лео (64-ум аз рӯи маъруфият) ба қайд гирифта шудааст. Соли 2015 бошад, 454 (11-ум ҷой аз рӯи маъруфият), соли  2018 – 459 нафар (мақоми шашум), соли 2019 бошад, – 500 исми Месси ба қайд гирифта шудааст. Феълан ин исм аз рӯи шуҳрат мақоми дуюмро ишғол мекунад.  
Дар Каталония номи аз ҳама маъруфтарин ин– Марк мебошад. Айни замон дар ин минтақаи Испания  622 нафар Марк номгузорӣ шудаанд. 
Агар нишондодҳо чунин рафтан гирад номи Лео ба зинаи аввал мебарояд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив