LIVE

Лемпард қиматтарин дарвозабони ҷаҳонро қабул надорад

Френк Лемпард сармураббии дастаи Челси аз маҳорати дарвозабонии Кепа Арисабалага норозӣ аст ва ин мавсим мехоҳад аз ӯ халос бишавад. Ин дар ҳолест, ки расонаҳои иттилоотӣ аз мавсими нобарори дарвозабони испанӣ ҳарф мезананд. Ӯро соли 2018 ҳамчун қимматтарин дарвозабон бо нархи 80 млн евро оварда буданд, аммо дирӯза бозиро дидед, ки чихел қимматтарин дарвозабон панҷ маротиба тубро аз дохили дарвозааш гирифт. Аз ин рӯ Лемпард мехоҳад ба даста Ян Облакро аз “Атлетико” биёранд. Дастаи мадридӣ барои оне, ки Облак ба Лондон биравад 120 млн евро талаб кардаанд. Ҳоло гуфтушунидҳо ҷараён доранд ва дастаи мадридӣ тамоман нархи дарвозабонашро фароварданӣ нест. Арисабалага бошад, мувофиқи хабарҳо ба дастаи “Валенсия” ба сифати иҷора меравад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив