LIVE

Душанбе соҳиби варзишгоҳи замонавӣ мешавад

Ба наздикӣ дар шаҳри Душанбе варзишгоҳи зебову замонавӣ қомат рост мекунад, ки аз лиҳози тарҳу шакл аз варзишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ каму костагие надорад.  Дар ин майдон имкони баргузории бузургтарин чорабиниҳои варзишии байналмилалӣ пайдо мешавад, зеро ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгу мебошад. 
Корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти варзишӣ моҳи марти соли гузашта оғоз гардида, дар майдони наздик ба 9 гектар бунёд мешавад. 
Варзишгоҳ  дорои ҷой нишасти болопӯшида барои беш аз 30 ҳазор нафар пешбинӣ шудааст.  Дар қабати аввали бино утоқҳои либосивазкунӣ, бунгоҳи тиббӣ, қаҳвахонаҳо ва маҷлисгоҳҳо сохта мешавад. Майдони бозии футбол дар ин варзишгоҳ 105 бар 68 метрро дар бар мегирад. 
Варзишгоҳ то ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ сохта ба истифода дода мешавад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив