Сармураббии «Барселона» - Кике Сетйен ба суоли он, ки оё овозаҳо дар мавриди рафтани Лионел Месси аз даста ҳақиқат доранд ё не? чунин посух додааст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан ВАО-и испанӣ хабареро паҳн карданд, ки гуё ҳамлавари 33 солаи даста аз мушкилиҳои дохилии клуб хаста шудааст ва мақсади иваз намудани муҳитро дорад. Ба ҳамин хотир бо “Барселона” қарордоди худро тамдид намекунад.
"Дар ин мавзуъ сухан гуфтан намехоҳам, омодааст аз гуфтаҳои Сетйен дар сомонаи AS. Лионел дар ин масъала ба ман чизе нагуфтааст. Ба ин суол посух дода наметавонам. Ман Мессиро дар тамринҳо ҳамарӯза мебинам ва ӯ хубаст. Ҳамаи ин хабарҳо асос надоранду овозаҳои бардуруғанд. Биёед дар бораи корҳое гап занем, ки асос доранд".
