LIVE

Cане билохира тарки "Ман Сити" кард

«Бавария» дар сомонаи расмии худ аз гузариши футболбози дастаи «Манчестер Сити» - Лерой Cане хабар дод.
Қарордод бо ҳамлагари 24 сола то 30-юми июни соли 2025 баста шудааст. Cане дар  «Бавария» таҳти рақами 10 баромад мекунад. Лерой соли гузашта бояд ба дастаи «Бавария» мегузашт, аммо ҷароҳати зонуаш боис ба он шуд, ки ин муомилот лағв шуд. 
Cане ба «Манчестер Сити» аз тими «Шалке-04» соли 2016 бо маблағи  52 млн € гузариш карда буд. Маблағи гузариши футболбози мунтахаби Олмон ба тими мюнхенӣ гуфта нашудааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив