LIVE

Чаро Рамос дар тӯйяш Роналдуро даъват накард?

Тибқи маълумотҳо ҳафтаи гузашта сарвони бошгоҳи “Реал” ва яккачини Испания - Серхио Рамос ва ҳамсари ӯ Пилар Рубио ба таври расмӣ оиладор шуданд. Рамос ба тӯйи хонадоршавияш ҳамаи дӯстони мадридиаш ва нобиғаҳои футболро даъват карда буд. Дар байни даъватшудагон инчунин футболбозони “Барселона” - Жерар Пике, Жорди Алба, Серхио Бускетс низ ҳузур доштанд. Аҷибаш ин аст, ки чаро Серхио Рамос дар тӯйи хонадоршавияш дӯсти ҷонияш Криштану Роналдуро даъват накардааст. Дар баъзе сарчашмаҳо хабаре паҳн шудааст, ки гӯйи Рамос Роналдуро даъват кардаасту ӯ наомадааст ва дар дигар сарчашмаҳо менависанд, ки бинобар сабаби хуб набудани муносибатҳои Роналду бо президенти дастаи “Реал” Рамос ба хулосае омадааст, ки Роналдуро даъват накунад. Хулоса тӯйи арӯсии Рамос бидуни беҳтарин дӯсташ яъне Роналду баргузор шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив