LIVE

8 шахсияте, ки бо талоши онҳо «Ливерпул» қаҳрамон шуд

«Ливерпул» билохира расман чемпиони Англия гашт. Ҳарчанд сурхпӯшон  ғолибияти худро на дар майдон, балки дар хонаҳояшон баъди тамошои бозии “Челси” ва “Ман Сити” истиқбол карданд, аммо ин муҳим нест. Дар ин масъала касе баҳс ҳам намекунад, зеро тими  Клопп ҳама рақибонашро ба зону шинонду сазовори ин ҷойза гашт. 
Чеҳрасҳои асосӣ дар роҳи мубориза барои қаҳрамониро ба хотир меорем. 
Муҳаммад Салоҳ 
27 бозӣ, 17 гол, 7 партофти головар

Салоҳ сеюмин мавсими пайдарҳами  беҳтарини худро мегузаронад. Ӯ то ба ҳол пешвои хати ҳуҷуми ливерпулиҳо ва бозигари серголи дастаи  Клопп маҳсуб мешавад. Аз голандози садрнишини мусобиқа  Ҷейми Варди, ҳамлагари мисрӣ бо фарқияти  2 гол ақиб мемонад ва имконияти хуб дорад, ки бори сеюм беҳтарин голандози Англия шавад. 
Садио Мане
28 бозӣ, 15 гол, 9 партофти головар

Садио бархе аз вижагиҳое дорад, ки онро Муҳаммад Салоҳ надорад. Бо Мане ҳамлаи  «Ливерпул»-ро тасаввур кардан ғайри имкон аст.  Мане ба ҳамлаи сурхӯшон суръат илова мекунад. Дар ин миён Мане аз лиҳози натиҷа низ ақиб намемонад. Дар мубориза барои  «Тӯби тилло» ӯ аз  Салоҳ наздик ба 200 хол пешсаф буд. 
Роберто Фирмино
31 бозӣ, 8 гол, 7 партофти головар

Назар ба ҳамдастагони хати ҳуҷумаш Роберто Фирмино аз лиҳози голзанӣ пурмаҳсул нест, аммо аз 8 голи задааш, 6 тои он барои дастааш тақдирсозу ғалабаовар шудааст.  Ин сеюмин нишондод дар ПЛА дониста мешавад. Дар ин миён барои Юрген Клопп ӯ бозигари муҳиму зарурист. Мураббии олмонӣ футболбози барзилии худро пайвандагри ҳамла меномаду то чӣ андоза калидӣ будани онро борҳо баён намудааст. Фирмино воқеан ҳам кори бисёр муҳиму заруриро чӣ дар ҳамла ва чӣ дар муҳофизат иҷро мекунад.  
Ҷордан Хендерсон 
27 бозӣ, 3 гол, 5 партофти головар

Заҳматкаш Хендерсон беҳтарин мавсимро дар корномаи варзишии худ анҷом дод ва аз рӯи фарзияи Daily Mail ва BBC беҳтарин футболбози ПЛА эътироф шуд.  Аммо бисёриҳо барон назаранд, ки бозигари англис сазовор ба ин унвон набуд. Вале худ таҳлил кунед: ӯ лидери воқеии «Ливерпул» маҳсуб шуда, мувозинати асосии ниммуҳофизату хати ҳамларо танзим мекунад.  Бидуни ӯ даста ягона бохти худро дар майдонҳои дохилӣ ба қайд гирифту тарки Ҷоми Англия кард.  Клопп Хендерсонро ҷойгузини асосии Ҷеррард унвон дод. Ҳатто агар  Ҷордан  сазовори беҳтарин бозикуни ПЛА ҳам набошад, аммо саҳми ӯ дар  ғалабаи таърихии  «Ливерпул» назаррас мебошад. 
Трент Александер-Арнолд
31 бозӣ, 3 гол, 12 партофти головар

Трент намунаи олии насли нави муҳофизатгарони канорӣ мебошад. Касе тасаввур ҳам намекунад, ки бозигари паҳлуӣ 12 партоби головар анҷом медиҳад ва рекордгузори ПЛА мешавад.  Александер-Арнолди 21 сола 7 даври дигар дорад, ки бар рокорди гузоштаи худ ғолиб барояд. 
Вирҷил ван Дейк
31 бозӣ, 4 гол, 1
партофти головар

Вирҷил девори воқеӣ ва лидери асосии «Ливерпул» дар дифоъ аст. Дар ин мавсим ӯ 2790 дақиқа дар майдон буд. Ин нишондоди беҳтарини даста аст. Муҳофизатгари ҳолатиро қариб, ки дар ҳолати як бар як ҳалаба карда намешавад. Дар канори ӯ муҳофизони дигари даста: Жоэл Матип ва Деян Ловрен низ беҳатарин вонамуд мешаванд. Дар ниҳоят  Вирҷил барои гирифтани «Тӯби тилло» аз дасти Месси наздик буд. Саҳми муҳофизатгари ҳоландиро дар қаҳрамонии даста ба инобат нагирифтан, ин бе инсофисту бас. 
Алисон Бекер
22 бозӣ, 11 гол сар додааст, 14 бозии бидуни сардодани гол, 1 партофти головар


Агар хоҳед, ки мавҷудияти Алисон барои «Ливерпул» то кадом андоза муҳим аст, бозии дастаи ӯро бо иштироки дарвозабони дуюм Адриан бар муқобили  «Челси» дар Ҷоми Англия тамошо намоед.  Дар ҳарду бозӣ сурхпӯшон ба бохт рӯ ба рӯ шуданд ва иштибоҳи бузурги дарвозабонро мебинед. Дар мавсими ҷорӣ ӯ 9 гол ба дарвозааш сар додааст, аммо дар ПЛА аз лиҳози бозиҳои бидуни гол беҳатарин натиҷа дорад. Ҳамчунин ӯ партоби головар низ анҷом додааст, ки дар тими «Ливерпул» ин корро давоми 10 соли охир касе карда наметавонист. 
Юрген Клопп

Клопп лашкари афсонавӣ таъсис дод ва «Ливерпул» боз беҳтарин дастаи футбол дар Аврупо гашт. Зери роҳбарии ӯ бисёре аз бозигарон ба  топ-ситора табдил ёфтанд. 7 футболбози даста дар мавсими солҳои 2019/2020 ба мунтахаби рамзии ПЛА шомил шудаанд. Худи «Ливерпул» бошад, бори аввал баъди 30 сол чемпиони Англия гардид. Дар ин бора боз чӣ метавон гуфт? Клопп – нобиғааст!

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив