LIVE

Мишел Платиниро аз озодӣ маҳрум мекунанд

Собиқ президенти УЕФА ва сарвони мунтахаби Фаронса - Мишел Платини имрӯз, 18-уми июн бо ҷурми даст задан ба амалҳои коррупсионӣ боздошт шуд. Дар ин бора нашрияи “Mediapart”-и Фаронса хабар медиҳад. Платиниро ба он муттаҳам мекунанд, ки ӯ ҳуқуқи баргузории Ҷоми ҷаҳон-2022-ро бо дарёфти пора ба кишвари Қатар фурӯхтааст. Ҳоло Платиниро дар шуъбаи пулиси шаҳри Нантери Фаронса нигоҳ медоранд.
Қабл аз ин собиқ президенти ФИФА Йозеф Блаттер иқрор шуда буд, ки кишвари Қатар ҳуқуқи мизбонии Ҷоми ҷаҳон-2022-ро ноадолатона ба даст овардааст. Платини, ки тайи солҳои 2007-2016 роҳбари Иттиҳодияи футболи Аврупо буд, соли 2015 якҷо бо Йозеф Блаттер аз футбол ба муддати 8 сол барканор шуданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив