LIVE

Аввалин ғалабаи “Интер” баъд аз танаффус

Дар доираи бозиҳои даври 25-уми Силсилаи А-и Италия бошгоҳи “Интер”-и Милан дар хонааш тими “Сампдория”-ро пазируфта, бо ҳисоби 2 бар 1 пирӯзӣ ба даст овард. Дар дақиақи 10-уми рақобат ҳисоб кушода шуд. Ҳамлагар - Ромелу Лукаку аз партофти Кристиан Эриксен истифода бурда, ба задани гол даст ёфт. Дар дақиқаи 33-юми бозӣ Лаутаро Мартинес бартарии миланиҳоро дучанд сохт. Дар дақиқаи 53-юми қисми дуюми рақобат Мортен Торсби ба як голи ҳарифон ҷавоб гуфт. “Интер” бо ин ғалаба низ аз мақоми сеюми ҷадвали умумии Чемпионати Италия боло баромада натавонист. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив