LIVE

Терри ба ҷои Лэмпард

Роҳбарияти бошгоҳи «Дерби Каунти» дар сурати ба «Челси» гузаштани Фрэнки Лэмпард, ба ҷояш чанд номзади дигарро дар назар гирифтааст. Дар рӯйхати номзадҳои сармураббигӣ Ҷон Терри ҳам қарор дорад, ки айни замон дар ҳайати мураббиёни дастаи «Астон Вилла» зери роҳбарии сармураббӣ Дина Смит фаъолият карда истодааст. Роҳбарияти «Челси» то ҳол оиди ба сармураббигии даста таъин намудани Лэмпард қароре ба тасвиб нарасондааст, аммо гумон меравад, ки дар ду рӯзи оянда ин тасмимро эълон намояд.

Хотиррасон менамоем, ҳар ду ҳам, ҳам Ҷон Терри ва ҳам Фрэнки Лэмпард замони зиёде дар дастаи «Челси» якҷоя бозӣ намуда, ба чандин ҷому ҷоизаҳо бо ин дастаи овозадор ноил гаштаанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив