LIVE

10 бозигаре, ки корномаи худро дар “Реал” хароб карданд

Дар дастаи "Реал" бисёриҳо аз худ ному нанг бароварданд, аммо будан ҳолатҳое, ки бозигарон бо омаданашон ба ин даста ба фаъолияти варзишии зебои худ доғи сиё гузоштанд.
Майкл Оуэн, 2004-2005
45 бозӣ, 16 гол, 4 партоби головар

Дар сини 22 солагӣ футболбози англис дорандаи «Тӯби тиллоӣ» шуд. Ин дуюмин нишондод дар таърихи ҷойзаи мазкур маҳсуб мешуд, зеро аз Оуэн ҷавонтар «Тӯби тиллоӣ»-ро Роналдо дар 21 солагиаш моли худ сохта буд.  Ҳадафҳои Майклро «Ливерпул», ки он замон дар мусобиқоти аврупоӣ мушкилӣ дошт, бароварда натавонист.
Вақте, ки  ба Оуэн «Реал» таваҷҷуҳ кард,  форвард бидуни андеша розигӣ дод. Дар Мадрид ҳама голзанҳо ба ҳам омада буданд. Майкл дар канори Раул, Роналдо ва Морентес барои ҳайати асосӣ мубориза бурд. Футболбоз пайваста бозӣ мекард, аммо аксаран аз ҳайати захиравӣ ба майдон мебаромад.  Баъди як сол бошгоҳи шоҳона  бо Робинйо, Кассано ва Жулио Баптисту қарордод бастанд.  Рақобат барои Оуэн боз ҳам мушкил шуд ва ӯ дубора ба Англия баргашту узви «Реал» нашуд.
Николя Анелка, 1999-2000
33 бозӣ, 16 гол, 4 партоби головар 

Анелка дар «Арсенал» худро ҳамчун ҳамлагари боистеъдод нишон дод.  Дар 20 солагӣ ӯ ба ҳайати рамзии Премйер лигаи Англия шомил шуд. Ӯ дар 35 бозӣ, ба задани 19 гол, 5 партоби головар даст ёфт.  «Реал» зуд ба ин футболбози ҷавони умедбахш 22 млн фунтов (наздик ба 35 млн евро), ки он замон маблағи бузург маҳсуб мешуд, сарф кард. 
Висенте Дель Боске, ки он замон сармураббии «Реал» буд аз гарданшахии футболбози фаронсавӣ шикоят мекард.
 «Мо онро ҳамчун ситораи барҷаста харидем. Рӯзе вай ба утоқи либосивазкунӣ омада гуфт, ки ҳамдастагонаш голҳои задаи ӯро ҷашн намегиранд. Баъди он Анелка давоми як чанд рӯз ба тамринҳо ҳозир нашуд». Худи Анелка бошад, иқрор шудааст, ки  дар «Реал» касе ӯро намефаҳмад. 
Аммо корномаи футболбозии ҳамлавари фаронсавӣ дар 12  даста идома карду соҳиби ҷойзаҳои зиёд низ гашт. 

Элвир Балич, 1999-2002
19 бозӣ, 1 гол, 1 партоби самаровар

Бо Анелка ба «Реал» ҳамчунин Элвир Балич низ омад. Ташаббускори ҷалби ӯ ба бошгоҳи мадридӣ сармураббии даста Ҷон Тошак, ки аввали мавсим роҳбари мадридиҳо буд, гардид.  Мутахассиси уэлсӣ Баличро хуб медонист. Ҳарду дар дастаи «Бешикташ» якҷо буданд. Барои ин трансфер «Реал» 21 млн евро пардохт кард.
Дар баробари омаданаш ба клуби шоҳона Балич аз зонуяш ҷароҳати вазнин бардошт. Ҳануз сиҳат нашуда, дӯсти ӯ Тошакро аз мақомаш сабукдӯш карданд. Дель Боске бошад, ба ӯ бовар накард ва футболбоз бештар ба иҷора дода шуд. Дар ниҳоят Элвир Балич ройгон тарки «Реал» кард.
Кака, 2009-2013
120 бозӣ, 29 гол, 39 партоби самаровар

Кака охирин барандаи «Тӯби тиллоӣ» то замони авҷи корномаи Роналду ва Месси маҳсуб мешавад. Ситораи барзилӣ  ба «Реал» ҳамчун сарвону пешгом даъват шуду ӯро узви ҷудонопазири бошгоҳои мадридӣ ном мебуранд.  Дар ибтидо  Кака дар 33 бозӣ 9 гол ва 12 партоби головар кард. 
Бо омадани Жозе Моуриню ҳамачиз тағйир ёфт. Кака ҷароҳат бардошту мавқеъи ӯро Ди Мария ва Озил гирифтанд. Баъдан ситораи “Милан” ба бозигари дуюмдараҷа мубадал гашт. 
Кака изҳор дошт, ки барои бозӣ кардан дар «Реал» аввал ҷароҳат ва дуюм Моуриню халал расонид.  «Ман худро гум карда будам. Маро ҷароҳатҳо озор медод. Се сол кӯшиш кардам, ки ба боварии Моуриню дарояму ба ман имконият диҳад, аммо ӯ хулосаи дигар мебаровард. 
Роберт Просинечки, 1991-1994
71 бозӣ, 12 гол

Просинечки дар «Срвени Звезда» бозӣ мекард ва барандаи Ҷоми чемпионҳои аврупо дар соли 1991 гардид. Баъди он ӯ ба «Реал» гузашт. 
Дар мавсими аввал Роберт коре карда натавонист ва дар маҷмуъ 5 бозӣ анҷом дод. Просинечки дар се соли ҳунарнамоиш дар  «Реале» 71 бозӣ гузаронид. Хотирмонаш он аст, ки Роберт Просинечки аз зумраи онҳе маҳсуб мешавад, ки ҳам дар  «Реале» ва  ҳам дар «Барселона» бозӣ кардааст. 
Робинйо, 2005 – 2008
137 бозӣ, 35 гол, 27 партоби головар

То Неймар тими  «Сантос» суперистеъдодро кашф карда буд. Робинйо дар 18 сол дошт, ки беҳтарин бозигари Чемпионати Бразилия эътироф шуд. «Реал» наметавонист чунин бозигарро сарфи назар кунад. Дар ин трансфер мадридиҳо 24 млн евро харҷ карданд. Дар пойтахти Испания барзилии ҷавон рақами 10-ро соҳиб шуд, ки қаблан бо ин рақаб Луиш Фигу бозӣ мекард. 
Робинйо дар мавсими нахустин дар Мадрид бад бозӣ накард. Дар  51 бозӣ, 12 гол, 9 партоб кард. 
Фабио Капелло сармурабии даста шуд ва  Робинйоро дар курсии бозигарони эҳтиётӣ шинонид. Дар натиҷа мутахассиси итолёвиро аз мақомаш барканор карданд ва Бернд Шустер дастаро роҳбарӣ кард. 
Робинйо беҳтарин мавсимро гузарониду дар 47 бозӣ 15 гол зад. Футболбози барзилӣ имкон дошт, ки ситораи «Реал» шавад, аммо соли 2008 ба «Манчестер Сити» гузариш намуд.
Нури Шаҳин, 2011-2013
10 бозӣ, 1 гол, 1 паси самаровар

Дар ин гузариш касе зарар надид на «Реал» ва на Шаҳин. Футболбози Туркия бозигари калидии Юрген Клопп дар «Боруссия» маҳсуб мешуд. Соли 2011 беҳтарин футболбози Бундеслига гардид. То омоданаш ба «Реал» Шаҳин аз зонуаш ҷароҳат бардошт. Ба ин нигоҳ накарда ӯ дар Мадрид қарор гирифт.  Нури пой рости худро табобат мекард то дар  «Реал» аввалин бозии худро анҷом диҳад, аммо аз пой дигараш ҷароҳат бардошт. Умуман дар Мадрид ӯ дар 4 моҳ 3 маротиба лат бардошт. 
Ин футболбоз баъди ҷароҳатҳои бардоштааш зиёт талош кард то ба ҳолати қаблии худ баргардад, аммо ҳатто бозгашти дуборааш ба «Боруссия» низ кӯмак накард. 
Асйер Иляраменди, 2013-2015
90 бозӣ, 3 гол

Мунтахаби ҷавонони Испания дар соли 2013 ғолиби Чемпионати Аврупо шуд. Қариб ҳамаи ҳайати он даста ба мунтахаби асосӣ ҷалб шуданд. Сар карда аз  Де Хеа, Бартра, Коке, Тйяго, Иско, Мората, Родриго. Бозигари калидии он даста Асйер Иляраменди маҳсуб мешуд. Дар мавсими солҳои 2012/2013 кашфиёти асосии Чемпионати Испания гардид. Дар Мадрид ҷойгузини Хаби Алонсоро мекофтанд. Илйяраменди аз «Реал Сосйедад» бо қимати ҳангомавии 32 млн евро гузариш намуд. 
Иляраменди дар  «Реале» бо Алонсои 32 сола, инчунин  Хедира ва Модрич рақобат карда натавонист. Баъди он, ки Тони Кроос омад ба ин футболбози испанӣ дигар дар майдон ҷой пайдо нашуд. Баъди ду сол Иляраменди дубора ба «Реал Сосйедад» бозхонд шуд. 
Гарет Бэйл, 2013 
249 бозӣ, 105 гол, 67 партофти головар

Замоне, ки Бэйл дар «Тоттенхэм» бозӣ мекард тамоми топ клубҳо ба ӯ таваҷҷуҳ доштанд.  Дар соли 2010 Гарет беҳтарин вингери канори чапи ПЛА дониста мешуд. Мавсими солҳои 2012/2013 беҳтарин давраи ҳунарнамоии ӯ дар Англия маҳсуб мешуд.  
«Реал» барои Гарет 100 млн евроро қурбонӣ кард, ки сарфи чунин маблағ барои ҷалби бозигар рекордӣ гашт. Бэйл солҳои зиёд зери сояи Роналду қарор дошт. «Баъди рафтани Роналду мо мисли як организм шудем», гуфт Гарет дар соли 2018. Рафтани ситораи португалӣ ба “Ювентус” низ  Бэйлро ба марҳилаи баландтар бароварда натавонист. Гарет Бэйл аз замони омаданаш ба «Реале» ба латбардорӣ ва ҷангу ҳамдигарнофаҳмӣ рӯ ба рӯ мешвад. 
Тео Эрнандес, 2017-2019
23 бозӣ.

То омадани ин муҳофизатгар «Атлетико» ва «Реал» як анъана доштанд, ки ба ҳамдигар футболбоз намефурӯхтанд. Аммо соли 2017 аз пушти Тео Эрнандес ин ду клуби як шаҳр ваъдахилофӣ карданду дастпарвари «Атлетико» бозигари бошгоҳи шоҳона шуд. Барои муҳофизатгари 19 сола «Реал» 24 млн евро аз ҷайбаш баровард. Эрнандесро бо мақсади ивази Марсело ҷалб сохтанд. 
Аммо фаъолияти варзишии Тео дар «Реал» шах шуду монд. Ба «Алавес» иҷора дода шуд. Баъди бозгашташ Эрнандес 23 бозӣ анҷом дод. Мавсими солҳои 2018/2019 Тео дар «Реал Сосйедаде» буд ва баъдан ба «Милан» гузариш намуд.  «Маро дар «Реале» таҳқир карданд. Бале ман иштибоҳ кардам, аммо имконияти нишон додани худро надоданд».

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив