LIVE

Ҷадвали бозиҳои мунтахаби Тоҷикистон тартиб дода шуд

Конфедератсияи футболи Осиё санаи эҳтимолии бозиҳои боқимондаи даври дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022-ро эълон кард, ки мебоист дар моҳҳои март ва июн баргузор мешуданд. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон  ин тасмими Конфедератсияи футболи Осиё пас аз машварат бо ФИФА 5 июн сурат гирифт.
Мунтахаби Тоҷикистон, ки дар гурӯҳи “F” бозӣ мекунад, рӯзи 8 октябр бо тими миллии Муғулистон бозии хонагӣ анҷом медиҳад.
Дастпарварони Усмон Тошев боз ду вохӯриро дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 бо Ҷопон (12 ноябр, дар меҳмонӣ) ва Миянма (17 ноябр, дар хона) баргузор хоҳанд кард.
КФО гуфтааст, минбаъд низ назорати қатъии вазъро барои таъмини бехатарӣ ва беҳбудии ҳама дастаҳо нафарони расмӣ, мухлисон ва ҷонибҳои манфиатдор ва маҳдудиятҳои мавҷуда дар давлатҳоро идома медиҳад. Дар сурати зарурати аз нав дида баромадани ҷадвали бозиҳо вобаста ба пандемияи COVID ҳамаи тарафҳоро огоҳ месозад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив