LIVE

Чемпионати Эрон низ идома мекунад

Tehran Times хабар дод, ки чемпионати Эрон баъд аз анҷоми моҳи мубораки Рамазон идома мекунад. Ба иттилои сарчашма дар ин бора Президенти мамлакат - Ҳасан Руҳонӣ иҷоҳат додааст. Бозиҳо дар майдонҳои холӣ сурат  мегиранд.

«Мо бо Федератсия ва намояндагони тандурусӣ ҷаласа доир кардем ва ба хулосае омадем, ки мавсимро идома диҳем. Роҳбарияти Ла Лига, Серияи А ва Бундеслига ин корро карданд ва мо низ аз уҳдааш мебароям. Мо 9 ҳафта дар ихтиёр дорем ва метавонем бозиҳоро дар 6 ҳафта баргузор карда, мавсимро ҷамъбаст кунем», —иқрор шудааст Вазири тандурустӣ - Эраҷ Харирҷӣ. 
Барои анҷоми чемпионати Эрон 9 даври дигар боқӣ мондааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив