LIVE

Фонте: Роналду «Реал»-ро дӯст медорад ва ба онҷо бармегардад

Муҳофизатгари тими «Лилл» - Жозе Фонте назари худро дар бораи ҳамдастаи худ дар мунтахаби Португалия ва ҳамлагари бошгоҳи «Ювентус» - Криштиану Роналду дар мавриди баргаштанаш ба «Реал» баён дошт. 
«Ман медонам, ки ӯ Мадридро дӯст медорад. Ба хубӣ маълум аст, ки Криштиану нисбати «Реал» муҳаббати зиёд дорад. Ин яке аз клубҳои беҳтарин дар ҷаҳон мебошад. Ӯ дар он ҷо аз худ бисёр чизҳоро боқӣ гузошт ва дӯстдони зиёд дорад. Дари Мадрид барои ӯ ҳамеша боз аст. 
Ба ҳамин хотир агар ӯ дубора ба «Реал» баргардад, ман ҳайрон намешавам», гуфтааст Фонте дар суҳбат ба talkSPORT.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив