LIVE

Муаррифии Азар дар ҳузури 50 ҳазор тамошобин. Ин нишондоди шашум дар таърихи футбол маҳсуб меёбад.

Ҷойи аввал-Роналду, дуюм-Марадона. 

Дар варзишгоҳи "Сантяго-Бернабеу" муаррифии Эден Азар сурат гирифт, ки яке аз руйдоди муҳим дар таърихи футболи "Реал" дониста мешавад. Барои шиносоӣ бо футболбози белгягӣ ҳузури 50 000 тамошобин ба қайд гирифта шуд. Аз ин бештар танҳо дар маросими муаррифии Криштиану Роналду ва Кака мухлисон ҷамъ омада буданд. Азар бо бӯсидани рамзи дастаи "Реал" суханҳои хуб ҳам гуфт: "Вақте кӯдак будаму дар боғча бо бародарам футболбозӣ мекардем, мухлиси дастаи "Реал" шудам. Ҳамеша орзу дар ин даста буданро мекардам. Билохира ба орзуиям амалӣ шуд."

Муаррифии 10 -гонаи беҳтарин футболбозони нав дар таърихи футбол 

1. Криштиану Роналду, «Реал» (75 000)

Барои дидани Роналду соли 2009 ба «Сантьяго Бернабеу» варзишгоҳ қариб пур аз мухлисон буд. (Варзишгоҳ зиёда аз 81 ҳазор ҷойи нишаст дошт). Ҳоло ин натиаҷаи Криш – рекорд аст. 
 

2. Диего Марадона, «Наполи» (65 000) 

Ҳоло «Сан Паоло» инқадар ҷойи нишаст надорад, аммо то ҶҶ-1990варзишгоҳи "Наполи" 80 ҳазор ғунҷоиш дошт. Рекорди муаррифии Марадони 25 сол давом кард, то он вақте, ки Роналду ба "Реал" наомад. 

3. Златан Иброҳимович, «Барселона» (60 000)

Ҳатто сои 2009 шаст ҳазор мухлис дар "Камп Ноу" тасаввур намекард, ки трансфери Златан дар "Барселона" номуваффақ буд.

4. Неймар, «Барселона» (57 000)

Соли 2013 шумораи мухлисон дар муаррифии Неймар  қариб ба Златан баробар шуд, аммо футболбози бразилӣ хубтар фаъолият кард.

5. Кака, «Реал» (55 000)

Як ҳафта пеша аз муаррифии Роналду бозингари бразилӣ Кака дар "Сантяго Бернабеу" ҳаводорони зиёдро ба тарафи худ кашид, аммо фаъолияти пурсамареро дар Мадрид нишон дода натавонист. 

6. Эден Азар, «Реал» (50 000)

Моликони «Реала» интизор доштанд, ки рекорди Роналду ниҳоят  зада мешавад, аммо Азар,  Криштиану нест. 

7. Фернандо Торрес, «Атлетико» (50 000)

Баргашти дастпарвар ва сарвони ҷавонтарин дар таърихи футболро "Висенте Калдерон" бо шаҳомати зиёд қабул кард.

8. Карлос Тевес, «Бока Хуниорс» (45 000)

Соли 2015 ба Тевес "Атлетико" таваҷҷуҳ кард, аммо Карлитос Аргентинаро интихоб намуд. Ба ин хотир мухлисони "Бока Хуниорс" ин қарори футболози дастонро бо шаҳомати зиёд ҷашн гирифтанд.

9. Хамес Родригес, «Реал» (36 000)

Чунин менамояд, ки барои пешвозгирии меҳмонони ба "Реал" омада, мухлисон қодиранд ҷашнеро барпо кунанд. Соли 2014 барои муаррифи Хамес мухлисони зиёд ҷамъб омаданд. Дар руйхат ин нишондод мақоми чаҳорумро дар "Бернабеу" касб мекунад.

10. Давид Виля, «Барселона» (35 000)

Cоли 2010 Давид Виля барои сомон додани корҳои ҷиддӣ пироҳанҳои "Валенсия"-ро бо "Барселона" иваз кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив