LIVE

Ҷоми Гранаткин: Тоҷикистон ҷои 11-умро ишғол кард

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Валентин Гранаткин дар шаҳри Санкат Петурбурги Россия ҷои 11-умро ишғол кард. Шогирдони Зайниддин Раҳимов дар бозии охирини худ барои ҷои 11-ум 13-уми июн бар дастаи Ҳиндустон бо ҳисоби 1:0 ғалаба карданд. Голи ягонаи дидорро дар дақиқаи 39-уми дидор Озодбек Панҷиев зад. Тими наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи мазкур, ки як марҳилаи омодагии даста ба Чемпионати ҷаҳон-2019 маҳсуб меёфт, дар умум 5 бозӣ анҷом дод. Дар даври гурӯҳӣ бо дастаҳои Юнон (4:4), Қирғизистон (1:1) мусовӣ бозӣ карда, аз дастаи Туркия (0:5) шикаст хурд. Сипас, дар бозӣ барои ҷойҳои 9-12 аз дастаи Арманистон (0:3) шикаст хурда, дар бозӣ барои ҷои 11-ум бар Ҳиндустон (1:0) пирӯз шуд. Дар бозӣ барои ҷои 9-ум Арманистон Қирғизистонро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. Шоми имрӯз дастаҳои Молдова – Булғория барои ҷои ҳафтум, Эрон – Юнон барои ҷои панҷум бозӣ мекунанд. Фардо – 14 июн Россия-2 – Туркия барои ҷои сеюм ва дастаҳои Россия – Аргентина дар финал бо ҳам вомехӯранд.

Ҷоми Гранаткин -2019
Бозӣ барои ошғоли зинаи 11-12
Ҳиндустон – ТОҶИКИСТОН – 0:1
Гол: Озодбек Панҷиев, 39.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив