LIVE

Финалисти Чемпионати Осиё ба дастаи "Хуҷанд" гузашт

Бошгоҳи футболи “Хуҷанд” бо дифоъгари 17 солаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон - Шаҳром Назаров қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расонид. Ҳимоятгар мавсими гузашта дар дастаи “Локомотив-Помир” ҳунарнамоӣ мекард. Соли 2018 Шаҳром Назаров дар ҳайати мунтахаби наврасони 16 солаи Тоҷикистон барандаи медали нуқраи Чемпионати Осиё гардидааст. Инчунин ӯ дар ҳайати тими мунтахаби ҷавонони кишвар дар Чемпионати ҷаҳон дар Бразилия иштирок намудааст. Шаҳром Назаров дар дастаи наваш бо шумораи 55 ҳунарнамоӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив