LIVE

Златан бар муқобили коронавирус муборизаро оғоз кард

Ҳамлагари «Милан» - Златан Иброҳимович бо мақсади коҳиш додани суръати сироятёбии вируси тоҷ дар Италия ба кӯмаки табибон пардохт. Футболбоз таввасути сомонаи GoFundMe ба ҷамъоварии 1 млн евро пардохта, аввалин шуда ба ин суратҳисоб 100 ҳазор евро гузаронид. 
«Италия ба ман бисёр чизҳо дод ва мехоҳам саҳми худро дар кишваре, ки дӯсташ медорам гузорам. Дар якҷоягӣ мо метавонем ба табибону беморхона ва ҳамшираҳо, ки ҷони худро дар хатар гузошта ҳамарӯза барои наҷоти мо кор мекунанд, кӯмаки худро расонем. Дар хотир гиред, ки агар вирус назди Златан наояд, Златан худ ба наздаш меравад» навиштааст, Иброҳимович дар саҳифаи расмии худ.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив