LIVE

“Барса” бидуни иҷозаи "ПСЖ" Неймарро мехарад

“Барселона” тобистон дар ҳайати дастааш тағйирот ворид мекунад. Тибқи иттилои ВАО дар равзанаи трансфери тобистона нилунориҳо пеш аз ҳама ду ҳимоятгар ва як форвард харидорӣ мекунанд. Ҳамаи харидорони “Барселона”  бо Лео Месси мувофиқа карда мешавад. Бо ин роҳ роҳбарияти даст мехоҳанд Мессиро дар тим нигоҳ доранд. Расонаҳои испанӣ бар он назаранд, ки "Барса" тобистон бо кадом роҳе набошад Неймарро ба даста бармегардонад, бразилӣ низ барои ин гузариш омодааст. Ин навбат каталониҳо бо "ПСЖ" барои ин гузариш мувофиқа нахоҳанд кард, зеро тибқи регламенти ФИФА пас аз се соли ҳунарнамоии бозигар дар як тим дилхоҳ бошгоҳ метавонад бо нархи муайян бозигарро харидорӣ намояд. Шояд “Барселона” барои ба даст овардани собиқ футболбози худ 180 млн евро пардохт намояд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив