LIVE

“Ливерпул” қасди бохти худро аз “Атлетико” мегирад?

Имшаб мухлисони футболро рақобати диданӣ мунтазир аст. Ду дастаи пурқуввати Аврупо - “Ливерпул” - и Англия ва “Атлетико” – и Испания вориди майдон мегарданд. Бозии аввалини худро дастпарварони Юрген Клопп дар сафар бо бохт пушти сар карданд. Иштибоҳҳои бозингарони дастаи “Ливерпул” дар рақобати нахустини онҳо боис бар он гашт, ки шогирдони Симеоне аз он хуб истифода карда, ягони голи дидорро ба номашон сабт кунанд. Ба фарқ аз дигар рақобатҳои худ бозингарони “Ливерпул” аз чӣ бошад, сарсупурдаи ин бозӣ набуданд. Ҳамакнун баъд аз гузашти чандин вақт шогирдони Клопп натавонистанд дар сафар ба дарвозаи ҳариф гол зананд. Дар Дидорҳои охирини худ “Ливерпул” дар 2 бозӣ мувоҷеҳи шикаст шуд, ки ҳангомаҳои зиёдро миёни мухлисон ба бор овард. Алалхусус аз дастаи “Уотфорд”, ки дар  зинаи 17-уми Премйер лигаи Англия қарор гирифтааст. 
Пӯшида нест, ки дастпарварони Диего Симеоне низ дар бисёр ҳолат бозиҳои хонагии худро ҷиддӣ баргузор мекунанд ва сайъ медиҳанд то ба иштибоҳ роҳ надиҳанд. Аммо дар ду дидори охири худ дар Чемпионати Испания бо “Эспанйол” ва “Севилия” бозиро мусовӣ карданд. Аммо фишори муҳаррики бузурги Юрген Клопп ҳар лаҳза метавонад футболбозони “Атлетико”- ро дар майдонашон нороҳат кунад. Аммо набудани дарвозабони асосии сурхпӯшҳо - Аллисон ва бозигари дигари ҳайати аввалияи “Ливерпул” - Ҷордан Ҳендерсон таъсири худро ба ин дидор хоҳад расонид. Коршиносон бар он назаранд, ки дастпарварони Симеоне дар майдони хонагии худ қавӣ ҳастанд ва ҳамчунин иштироки мухлисон ба онҳо рӯҳияи дигарро зам мекунад. Имшаб “Ливерпул” ҳама талошро хоҳад кард, то пирӯзиро моли худ кунад. Хотиррасон менамоем, ки мухлисони футбол рақобати мазкурро имшаб соати 00-45 дақиқа мустақиман аз ТВ Варзиш метавонанд тамошо кунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив