Ҳамлагари «Барселона» - Лионел Месси рекорди бошгоҳи каталониро дар бозӣ бар муқобили тими «Реал» гузошт.
«Месси аз лиҳози иштирок дар «Эл-Класико» бо пироҳани “Барса” аз Хави пеш гузашт. Ин 43-юмин ширкати футболбози аргентинӣ маҳсуб меёбад.
Бозии «Реал» ва «Барселона» дар варзишгоҳи «Сантьяго Бернабеу» сурат гирифта, бо ҳисоби 2 бар 0 ба суди мадридиҳо ба анҷом расид.
