LIVE

Месси гаронмуздтарин варзишгари сайёра

Нашрияи машҳури амрикоӣ Forbes маълумотномаи наверо оиди гаронмуздтарин варзишгарони сайёраро ба табъ расонид. Зинаи аввали ин рӯйхатро ҳамлавари аргентинии “Барселона” – Лео Месси ишғол намуд, ки даромади ӯ 127 млн долларро ташкил медиҳад. Дар мавқеъҳои дуюм ва сеюм бошад, мутаносибан форварди “Ювентус” ва тими миллии Португалия Криштиану Роналду ($ 109 млн) бо ҳамлавари бразилии “ПСЖ” Неймар ($ 105 млн) қарор гирифтаанд.
Топ-10 раддабандии гаронмуздтарин варзишгарони сайёра бошад, чунин тавр аст:
1. Лионел Месси (Аргентина, футбол) — $ 127 млн
2. Криштиану Роналду (Португалия, футбол) — $ 109 млн
3. Неймар (Бразилия, футбол) — $ 105 млн
4. Саул Алварес (Мексика, бокс) — $ 94 млн
5. Роҷер Федерер (Швейтсария, теннис) — $ 93,4 млн
6. Рассел Уилсон (ИМА, футболи амрикоӣ) — $ 89,5 млн
7. Аарон Роҷерс (ИМА, футболи амрикоӣ) — $ 89,3 млн
8. Леброн Ҷеймс (ИМА, баскетбол) — $ 89 млн
9. Стефен Карри (ИМА, баскетбол) — $ 79,8 млн
10. Кевин Дюрант (ИМА, баскетбол) — $ 65,4 млн.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив