LIVE

Сарафкандагии “Валенсия” аз “Аталанта”

Дар бозии дигари давр тими “Аталанта”-и Италия дастаи “Валенсия”-и Испанияро бо ҳисоби 4 бар 1 мағлуб сохт. Дар қисми якуми бозӣ футболбозони “Аталанта” - Ханс Хатебур ва   Йосип Иличич як борӣ дарвозаи  ҳарифонро рахна сохтанд.  Дар нимаи дуюми вохӯрӣ низ мизбонон  боз ду голи дигар ба самар расониданд. Голҳоро Ремо Фройлер ва боз ҳам Хатебур марбути номи худ намуданд.
Дар дақиқаи 66-ум  “Валенсия”  бо шарофати голи задаи Черишеви рус ба як голи ҳарифон ҷавоб гуфт. Дидори ҷавобӣ 10 март дар “Валенсия” сурат мегирад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив