LIVE

Симеоне: «Ливерпул» исми худро дар таърихи футбол дубора навишт

Сармураббии клуби «Атлетико» - Диего Симеоне назари хешро дар бораи бозии аввали даври 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо бар муқобили  «Ливерпул» баён сохт. 
«Моро бозӣ бар муқобили дастаи бузург интизор аст. Онҳо мураббии пурқувват доранд. Ӯ ин дастаро давоми 4 сол бунёд сохт ва то ба ҳол онро инкишоф медиҳад. Баъди рафтани Коутиню чунин ба назар мерасид, ки даста барҳам мехӯрад, аммо клуб боз ҳам пурқувват шуд.  
Ман «Боруссия»-и вайро дар хотир дорам ва «Ливерпул»-ро қадр мекунам. Мо дар бораи дастаи бузург ҳарф мезанем.  «Ливерпул»-и ҳозира шояд дар таърих боқӣ монад. Ба ман «Ливерпул» ҳамчун рақиб писанд аст.  
Дар варзишгоҳ рақобати шадидро хоҳед дид. Ман ба бозикунони худ эътимод дорам гуфтааст»: Симеоне.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив