LIVE

Дембеле: номуваффақтарин трансфери «Барса»

Чанд рӯз қабл аз  аз ҷониби «Барселона» хабаре паҳн шуд, ки мухлисони дастаро андӯҳгин сохт. Маълум шуд, ки Усмон Дембеле, ки бозингари ноӯҳдабаро ном гирифтааст, то охири мавсим ба табобат машғул мешавад. 
Аз моҳи ноябри соли гузашта футболбози фаронсавӣ баъд аз ҷароҳат барқарор мешуд, аммо дар тамрин дубора мушакҳои пояш маҷруҳ шуду боз ба кӯмаки табибон ниёз пайдо кард.   Рӯзи 11-уми феврал табибон дар Финляндия ӯро ҷарроҳӣ карданд ва муҳлати барқароршавӣ на камтар аз 6 моҳро дарбар мегирад, ки Дембеле наметавонад дар Ҷоми Аврупо-2020 ширкат варзад.  
Трансфери Усмон – бадтарин гузариш дар таърихи футбол ном бурда мешавад. 4 омил гуфтаҳои болоро тақвият медиҳад. 
Футболбози шишагин: Дембеле қариб, ки бозӣ намекунад 
Ҳамлагари ҷавони фаронсавӣ дар «Барселона» аз моҳи  августи соли 2017 бозӣ мекунад. Дар ин муддат бо сабаби лат бардорӣ 322 рӯз ва 61 бозиро аз даст дод. Ҳамчунин ӯ бе сабаб тақрибан 182 рӯзи дигар ё худ дар 19 вохӯрӣ ба майдон набаромадааст. Аз замоне, ки ба «Барселона» омад, қариб ки аксари вақти худро ба табобат сипарӣ мекунад. 
Дар  «Барселона» се маротиба аст, ки ӯ бо мушкилоти пайвандҳо дар  мушак ҷарроҳӣ карда мешавад. Ду маротибаи дигар бо иллати ҷағиши  мушакҳо ва 10-ҳо мушкилоти дигар ӯро азъият медиҳанд. 
Дар маҷмуъ ӯ бо пироҳани нилунориҳо 74 бозӣ гузаронидаасту тамом. Ин омор роҳбарияти дастаи «Боруссия Дортмунд»-ро дар ғазаб овардааст, зеро ба иттилои AS агар ӯ дар 75 бозӣ мегузаронид, пас каталониҳо бояд ба клуби олмонӣ боз 5 миллион еврои дигар мукофот медоданд. 
Акнун дар ин мавсим дортмундиҳо наметавонанд маблағи худро соҳиб шаванд.
Дембеле  хислат ва интизоми хуб надорад
Дар Испания Дембеле на танҳо бо осеб бардориҳояш маъруф аст, балки дар хулқу хислати ӯ ноҷуриҳову сабукфикрӣ ва норасоии касбият ба назар расидааст. Ҳамлагари фаронсавӣ ҳамеша ба тамринҳо дер мемонад. Бештар ба бозиҳои видеоӣ машғул мешаваду бетаваҷҷуҳӣ нисбати кор зоҳир мекунад ва хоҳиши омӯзиши забони испаниро надорад, ки ҳамеша аз ҷониби клуби каталонӣ огоҳӣ мегирад. 
 Усмон боре тамоми шабро бо бозии компютерӣ сипарӣ намуд ва субҳ дар хоб монду ба тамрин нарафт. Ба хотири рӯйпӯш намудани ҳолат хабар дод, ки ӯ бемор аст. Табиби даста ба манзили ӯ омад ва ҳама сирраш ошкор шуд. 
Дембеле фастфудро дӯст медорад.  Бо мақсади ба низом даровардан “Барса” барои футболбозаш сарошпаз интихоб кард, аммо футболбоз ӯро аз кор ронд. 
Тирамоҳи соли 2018 Дембелеро ба суд доданд. Соҳиби манзиле, ки ӯ замони футболбози «Боруссия» буданаш дар Дортмунд ба иҷора гирифта буд, барои вайрону валангор кардани ашёҳои хонааш ба суд шикоят бурд.   Усмон аз худ осори харошидагию шикастани ашёҳо ва валангории дару тирезаҳо, ҳамчунин партовҳои зиёдро боқӣ гузоштааст. Ҳамчунин футболбоз на танҳо маблағи иҷораро пардохт накард, балки калиди манзилро ба соҳибаш бозпас нагардонидааст. 
Аз сабабе, ки Дембеле  то ба ҳол забони испаниро наомӯхтааст,  ӯ ба ҷуз аз ҳамватанони худ Юмтити, Лангле ва Гризманн дигар бо касе гап намезанад. 
Иштибоҳи Дембеле «Барселона»ро аз финали Лигаи Чемпионҳо маҳрум сохт. 
Дар мавсими солҳои  2018/2019 «Барса» имкони хуби баромадан ба Лигаи Чемпионҳоро дошт. Дар бозии аввали даври нимниҳоӣ каталониҳо бо «Ливерпул» бозӣ намуданд ва бо ҳисоби 3 бар 0 пешсаф буданд. Дар охири рақобат Дембеле имкон дошт, ки ҳисобро боз ҳам бештар кунад, аммо дар ҳолати як бар як тӯбро ба дарвозаи дастаи Клопп зада натавонист. 
Тавре ки медонед, дар бозии ҷавобӣ бошад, «Ливерпул» каталониҳоро дар хонаашон торумор кард. Агар дар дидори аввал Дембеле гол мезад, шояд «Барса» ба финал мебаромад. 
«Барселона» барои Дембеле 125 млн евро пардохт кард
Ба иттиллои Transfermarkt, ҳамлавари шишагинро  ба ҷуз аз маблағҳои мукофотӣ -«Барселона» 125 млн евро харидорӣ кард.  Ин трансфер дар таърихи нилунориҳо дуюмин гузариши қимматбаҳо ва дар ҷаҳон мақоми панҷумро ишғол мекунад. Аз Усмон маблағи бештар танҳо ба Коутиню, Фелиш, Мбаппе ва Неймар пардохт карда шудааст. 
Дар маҷмуъ ҳамлавари фаронсавӣ дар «Барса» 19 гол зада, 17 партофти головар анҷом додааст. Ҳар як ҳаракати натиҷабахши ӯ барои дастаи испанӣ 3,5 млн евро арзиш дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив