LIVE

Канте: аз партовгоҳҳо ба майдонҳои бузург

Канте дар оилаи фақире аз кишвари африқоии Мали, ки ба Фаронса муҳоҷират кардаанд, ба дунё омадааст. Ин футболбози фаронсавии решаи африқоидошта дар хурди падарашро аз даст дод ва масъулияти нигоҳубини модару бародарону хоҳаронаш ба дӯши ӯ афтид.  Канте дар партовгоҳҳо кор мекарду барои пайдо намудани ашёҳои зарурӣ барои фурӯхтан ҳамарӯза роҳҳои тӯлониро тай мекард.  Чемпионати ҷаҳон дар соли  1998 ба Канте кӯмак намуд. Зеро футболбоз аз ҳисоби партовҳое, ки мухлисон дар варзишгоҳ гузоштанд, маблағи зиёд кор кардааст. Баъд аз Ҷоми ҷаҳон ӯ ба футбол завқ пайдо намуд ва ба академияи клуби JS Suresnes рафт. Аз Канте касе дар футбол умедвории зиёд надошт, зеро қомати пасти ӯ боис ба дилсардии мураббиён мегашт. Вале хоҳиши бузурги ӯ ба футбол ва заҳматҳои шабонарӯзиаш боис ба муваффақиятҳояш гашт. Яке аз мураббиёни давраи кӯдакиаш гуфтааст, ки Канте аз хурдӣ тамоми супоришҳоро дар сатҳи зарурӣ иҷро мекард ва писари масъулиятшинос буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив