LIVE

Бузургтарин трансферҳои моҳи январ

Равзанаи гузаришҳои зимистонаи футболбозон дар 5 лигаи Аврупо ниҳоят хотима ёфт. Ин маънои онро дорад, ки дастаҳо мушкилоти худро дар қисми дуюми мавсим бо он бозигароне, ки дар моҳи январ харидори намудад, ҳал хоҳанд кард. Биёед ҳамаи ин гузаришҳоро муфассалтар баррасӣ намоем. Дар ин нашр дар бораи ҷолибтарини  гузаришҳои равзанаи трансфери зимистона хоҳем гуфт. 
Хуб нахуст аз Чемпионати Фаронса оғоз мекунем. Зимистон гузаришҳои ҷолиб дар Фаронса зиёд набуд.  “ПСЖ” ба анъанаи трансферҳои бузурги худ дар ин Лига идома надод. Ин навбат   парижиҳо тасмим гирифтанд ягон футболбози нав нахаранд. Дастаи дуюми ин кишвар, бошгоҳи “Марсел” низ барои харидории бозигарони ҷадид маблағ сарф накард. Дастаҳои бузурги чемпионат “Монако” ва “Лион”, ки дар ин навсим корашон омад намекунад, барои роҳ ёфтан ба мусобиқаҳои аврупоӣ бозигарони нав харидорӣ намуданд. Бошгоҳи “Лион” дар ин трансфер 38 млн евро сарф намуд. Хариди асосии ин даста Бруно Гимараенш мебошад. Фаронсавиҳо барои нимҳимоятгари “Атлетико Паранаэнсе” 20 млн евро пардохт намуданд. Боз барои беҳтарин голандози Лигаи 2-юм Тино Кадевере 12 млн дод. Тибқи қарордод бозигари мунтахаби Зимбабве то охири мавсим дар дастаи собиқи худ ба таври иҷора  бозӣ мекунад. “Монегаскҳо” бошанд, барои бозигарони нав 62 млн евро пардохт намуданд. Аз ҳама маблағи зиёд ин тим барои нимҳимоятгари  "Бордо" - Орелиен Тчуамени 20 млн ва барои Юссуф Фофана ба дастаи “Страсбур” 15 млн евро пардохт намуд.
Ҳамчунин Стивен Нзонзи ва Наколас Гайтан ба Лигаи 1-ум гузаштанд. Хабеки фаронсавиро “Рома” ба бошгоҳи “Ренн” иҷора дод. Гайтан бошад ҳамчун агенти озод ба бошгоҳи “Лилл” аз “Чикаго Файр” омад. 
Дар садри руйхати   трансферҳои Бундеслигаи Олмон бешаку шубҳа Эрлинг Брёут Ҳоланн ҷой гирифтааст. Ҳоланн дар оғози моҳи январ аз дастаи “Ред Булл”-и Австрия бо қимати 20 млн евро ба тими “Боруссия” Дортмунд гузашт. Ҳамчунин падари футболбоз 10 млн евро ҳамчун подошпулӣ ба даст овард. Агенти ӯ Мино Райола  бошад, аз ин трансфер 15 млн евро кор кард. Чи хеле набошад, Ҳоланн дар як муддати кутоҳ бо бозии ҷолиби худ дар ҳайати асосии бошгоҳи шаҳри Дортмунд мавқеи худро пайдо намуд.
Ҳамчунин Эмре Ҷан ба таври иҷора аз “Ювентус”-и Италия ба Олмон омад. Дастаҳои боқимонда чандон харидҳои ҷолиб накарданд. “Боруссия” Мёнхенгладбах барои харидории бозигарони нав ягон дирам сарф накард. “Бавария” бошад танҳо ҳимоятгари “Реал Мадрид” Алваро Одриосоларо ба иҷора гирифт. “Лейпсиг” ба ғайр аз иҷораи Анхелинйо аз “Манчестер Сити” ҳамчунин ҳамлавар Дани Олморо бо маблағи 20 млн аз бошгоҳи “Динамо Загреб” харидорӣ кард. Ҳамчунин дастаҳои “Байер” Леверкузен  ва “Хофейнхайм” барои соҳиб гардидани  роҳхатҳои мусобиқаҳои аврупоӣ барои бозигарони нав 21 ва 35 млни сарф карданд. Аммо харидҳои бошгоҳи “Герта”-и Берлин ҳамаро дар ҳайрат гузошт. Дастае, ки қариб имконият иштирок дар мусобиқаҳои аврупоиро надорад дар ин трансфер 78 млн евро сарф кард. Хариди асосии “бонуи солхӯрда” ин трансфери Кшиштоф Пёнтек мебошад.
Ҳамчунин ба руйхати бозигарони нави даста собиқ бозигари “Лейптсиг”-Матеус Куня ва хавбеки “Лион”-Люка Тузар низ шомиланд. 

Трансфери пуровозаи Серия А ин гузариши Кристиан Эриксен аз “Тоттенхэм” ба  “Интер” гардид. Даниягӣ пештар мехост тарки Лондон намояд. “Тоттенхэм” аз фурӯши Эриксен 20 млн евро кор кард. Дар ҳоли ҳозир дастаи итолиёӣ ин хавбекро 90 млн қимат гузоштааст. Инчунин ин бошгоҳи шаҳри Милан Эшли Янгро аз “МЮ” харид ва Виктор Мозесро ба тариқи иҷора аз “Челси” овард. Ягона тарнсфери зимистонаи “Ювентус” ин футболбози ҷавони шведӣ-Деян Кулушевски гардид. Барои гузариши ин бозигар туринҳо ба “Аталанта” 35 млн евро додан ва ӯро то анҷоми мавсим дар Парма гузоштанд. “Милан” билохира дар оғози моҳи январ бо Златан Ибрагимович  қарордод баст. Футболбози 37 солаи шведӣ то охири мавсим дар Италия мемонад. Дар "Милан"   ба Златан чанд футболбози дигар, ки ба таври иҷора омадаанд кӯмак мекунанд. Дар ин рӯйхат  Симон Киер аз “Севиля” ва Асмир Бегович аз “Борнмут” ҷой гирифтаанд. Баръакси “Милан” бошгоҳи “Наполи” барои ба даст овардани бозигарони ҷадид 65 млн евро сарф кард. Махсусан барои Станислав Лаботка ба “Селта” 20 млн дод. Ҳамаи футболбозони нав дар ин мавсим ба неополиҳо кӯмак карда наметавонанд, тибқи қарордод Андреа Петаня ва Амир Ррахманӣ то охири мавсим ба таври иҷора дар дастаҳои худ боқӣ хоҳанд монд.
Билохира “Аталанта” Дуван Сапатаро аз “Сампдория” харид. “Рома” Карлес Пересро аз “Барселона” ба иҷора гирифт. “Фиорентина” Сафиян Амрабатро аз “Верона” харидорӣ намуда, ҳамчунин Патрик Куртонеро аз “Вулверхмтон” иҷора овард. 
Пешвоҳои Ла Лига назар дар муқоиса бо дастаҳои Серия А дар мавсими равзанаи гузаришҳои зимистона онқадар фаъол набуданд. Бошгоҳи “Реал Мадрид” танҳо як гузариш анҷом дод. Ин тим   барои гузариши бозигари 17-солаи   “Фламенго” Рейниер 30 млн дод. “Барселона” аз имзо гардидани қарордод бо Франсишку Тринкауи португалӣ хабар дод. Барои трансфери Тринкауи 19-сола "Брага" 31 миллион евро ба даст овард. Тринкау мавсимро дар Португалия ба анҷом расонида, тобистон сафи дастаи ҷадидашро пур мекунад. Ин бозигари ҷавонро дар меҳани худ ҳамчун Криштиану Роналдуи ду медонад. Қобили қайдаст, ки Арда Туран пас аз ду соли иҷора аз “Истанбул Башакшехир”  ба сафи “нилунориҳо” баргашт. Ба ҳайати “Атлетико Мадрид”  Янник Феррейра Карраско низ баргашт. То ин муддат белгиягӣ дар сафи “Далян Ифан” бозӣ мекард. Ҳамчунин трансфери Пако Алкасер низ аз “Боруссия” Дортмунд ба “Вилияреал” низ қобили қайд аст. Пас аз омадани Эринг Ҳоланн, Алкасер эҳсос намуд, ки вақти он расидааст, ки ба Испания баргардад. Дар гузаришҳои зимистона “Эспанйол” низ як қатор харидҳои навро анҷом дод. Ин тим бо бештар аз 40 млн евро бозигари нав харид. Аз ҳама гаронарзиштарин трансфери ин тим форварди “Бенфика” Раул де Томас гардид. Испаниҳо барои ин бозигар 20 млн пардохтанд. Бо ҳамин маблағ “Севиля” аз Леганес, Юссуф Эн-Носириро харида аз бошгоҳи “Милан” хавбеки ҳуҷумкор Сусоро ба иҷора гирифт. Ҳамчунин дар гузаришҳои зимистона дастаҳои испанӣ як қатор бозингаронро ба иҷора гирифтанд. Дар ин миён Хесус Валехо аз “Вулверхэмптон” ба “Гранада” Алессандро Флоренси аз “Рома” ба “Валенсия”, Карлес Аления аз “Барселона” ба “Бетис” ва Фёдор Смолов аз “Локомотив”-и Москва ба “Селта”  гузаштанд. 
Ин нашрро бо беҳтарин гузаришҳои Чемпионати Англия хотима медиҳем. Пешсафи Чемпионати Англия дар моҳи январ як ҳарид анҷом дод. Он ҳам Такуми Минамино гардид. Такуми бо қимати 8,5 млн евро аз “Залсбург” ба Ливерпул омад. “Манчестер Сити”, “Лестер” ва “Челси” ягон бозигари ҷадид нахариданд. Дар ин гузаришҳо “Манчестер Юнайтед” аз ҳама тарнсефери гаронро  анҷом дод. Ин тим барои ба даст овардани Бруну Фернандеш 55 млн евро партохт намуд. Плеймейкери бошгоҳи “Спортинг”-и Португалия дар 2,5 соли охир чӣ дар Португалия ва чӣ дар майдонҳои муҳташами аврупоӣ аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон дод, акнун навбати он расидааст, ки бо ҳунари муҷҷалои худ “МЮ”–ро аз вартаи нокомӣ берун барорад ва ба ҳайси як бозигари дастон номи худро дар саҳфаҳои таърихии ин тим бо ҳарфҳои заррин сабт намояд. Ҳамчунин Фернандешро собиқ ҳамлавари тими “Уотфорд”-Одион Игало, ки ба тариқи иҷора аз “Шанхай Шенхуа” омад кӯмак мекунад. Трансфери асосии “Вулверхэмтон” ин гузариши вингери “Олимпиякос”-Даниэл Поденсе гардид. “Гург”-ҳо барои Поденсе қариб 20 млн евро доданд. “Шеффилд Юнайтед”  бо маблағи рекордии 21,5 млн евро аз “Генк”- нимҳимоятгар Сандер Бергеро харид. Ҳамчунин “Тоттенхэм” дар гузаришҳои зимистона барои вингери ҳоландии дастаи “ПСВ”-Стивен Бергвейн  30 млн партохт намуд. Дар бозии аввали худ Стивен алакай нишон дод, ки ӯ ба ин маблағ арзанда аст. Ҳамчунин ба дастаи Жозе Мауринйо бо қимати 4,5 млн евро Жедсон Фернандеш ба тариқи иҷора пайваст. Бошгоҳи “Арсенал”-и Лондон барои мустаҳакам намудани хатти ҳимояи худ ду ҳимоятгарро ба иҷора гирифт. Инҳои ҳимоятгари марказии “Фламенго”-Пабло Мари ва ҳимоятгари канории “Саутгемптон” Седрик Суареш мебошад. Ҳамчунин як катор дастаҳои дигари зинаҳои поёнии ҷадвали Примйер-лига низ барои пурққуват намудани сафи худ бозигарони навро иҷаро гирифтанд. Барои мисол “Нюкасл”-ро  дар идомаи мавсим Валентино Лазаро аз “Интер”, Набил Бенталеб аз “Шалке” ва Дэнни Роуз аз “Тоттенхэм” кӯмак мекунанд.
Аз миёни футболбозони шинохта Пепе Рейна ва Дэнни Дринкуотер ба “Астон Вилла пайвастанд. Ин маълумоти мухтасар дар бораи як қатор гузаришҳои зимистона дар топ-5 лигаҳои бонуфузи футболи Аврупо буд.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив