LIVE

9 омори ҷолиб дар бораи Роналдуи 35 сола

Ҳамлагари маъруфи португалии дастаи «Ювентус»-и Италия  - Криштиану Роналду имрӯз 35 сола шуд.  Роналду санаи 5-уми  феврали соли 1985 ба дунё омадааст.  Ба хотири зодрӯзи ин футболбози дастон мо кӯшиш кардем бархе аз маълумотҳои ҷолибе аз зиндагиномаи ӯ пешниҳод созем.
1.Роналду муҷаррад аст.
Ҳарчанд Роналду  як чанд фарзанд дораду бо хонуми  26-сола Ҷорҷина Родригес аз соли 2016 инҷониб зиндагӣ мекунад, аммо  то ба ҳол ӯ муҷаррад аст, зеро расман оиладор нест.  
Соли 2017 Ҷорҷина духтачаеро бо номи  Алану Мартину таваллуд кард. Ҳамчунин футболбоз боз се фарзанди дигар, ки тавассути бордоркунии сунъӣ ба дунё омадаанддорад. Криштиануи хурдӣ 9 сол дошта, дугоникҳо Еву ва Матео мебошанд. 
2.Беҳтарин футболбози Португалия
Роналду давоми 4 соли охир аст, ки пайдарҳам дар ватанаш Португалия беҳтарин  футболбоз мешавад. Ӯ ин ҷоизаро шуруъ аз соли 2007 танҳо ду маротиба соҳиб нашудааст. 
3.Дар олами футбол ӯ бо гиряҳои худ маъруф аст 
Маъруфтарин футболбози ҷаҳон аксар вақт эҳсоси худро пинҳон карда наметавонад ва дар майдон гиря мекунад. Ҳамдастаи замони кӯдакии ӯ дар тими  "Андориня" - Рикардо Сантос дар суҳбати худ ба The Washington Post гуфтааст, ки Криштиану дар наврасиаш  низ бохтро қабул карда наметавонист ва зимни шикаст хӯрдан ашк мерехт. Дар финали "Евро-2016" капитани  мунтахаби Португалия Роналду вақте, ки дар дақиқаи 12-уми бозӣ ҷароҳат бардошт ва бо ашк майдонро тарк намуд. 
4.Хотирот аз падар
Замони барномаи ток-шоуи - Пирс Морган "Субҳ ба хайр  Британия" Криш дар баробари дидани нахустин суҳбати телевизионии падари худ - Жозе Авейру, ки дар бораи фарзандаш ҳарф мезад, гиря кард. Падараш он вақт гуфт, ки аз фарзандаш ифтихор мекунад. 
 "Дардовараш он аст, ки ӯ надид ман кӣ шудам? Ӯ дар бораи ман чизе намедонад. Ӯ ҳеҷ гоҳ намебинад, ки ман ҷоизаҳоро ба даст меорам.  Ҳамаи аъзоёни оилаам дидан, аммо ӯ нест”, гуфтааст Роналду.
5.Барандаи  5   "Тӯби тиллоӣ"
Соли 2019 барандаи  "Тӯби тиллоӣ" ситораи аргентинии дастаи  “Барселона” - Лионел Месси гардид. Аз лиҳози "Тӯби тиллоӣ"-и Месси аз  Роналду пеш гузашт. 
6.Ӯ қимматарин футболбози ҷаҳон нест.
Роналду мақоми 49-уми  рейтинги гаронарзиштарин футболбозони ҷаҳонро аз нигоҳи CIES Football Observatory ишғол мекунад.  Арзиши ӯ  80,3 млн € гуфта мешавад.  Вале ӯ аз соли 2010 то 2019 дар байни бойтарин футболбозон зинаи дуюмро касб мекунад.  Даромади варзишгар 800 миллионов долларро дарбар мегирад. 
7.Ҳолати ҷисмонии ӯ беҳтарин дар 10 солаи охир
Financial Times - Роналдуро ба феҳристи 50 беҳтарин инсонҳое, ки баданашонро тавассути тарбияи ҷисмонӣ зебо оро додаанд, шомил кард. 
8.Роналду ба голи 800-уми худ наздик мешавад 
Форварди Ювентус беш аз 700 гол дар корномаи варзишии худ  задааст. Ин рекордро ӯ   дар бозиҳои интихобии   Евро-2020  ба қайд гирифт. Ӯ бо голҳои худ дар ҳайати мунтахаби кишвараш рекорди ҷаҳонӣ гузошт. 
9.Нақшаҳо дар оянда 
Роналду нақша дорад, ки бо пироҳани тими миллии Португалия дар Чемпионати ҷаҳон-2022 дар  Қатар ширкат варзад. Дар он вақт ӯ  37 сола мешавад.  
 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив