LIVE

Роналду 35 сола шуд!

Футболбози машҳури дастаи “Ювентус” ва тими мунтахаби Португалия, Криштиан Роналду имрӯз – 5 феврал, 35 сола шуд! Ин футболбози дастон, номи худро дар олами варзиш бо ҳарфҳои заррин ҳаккокӣ намудааст, ки ҳаргиз аз хотири мухлисони ин бозии дӯстдоштанӣ берун намеравад. Рӯзгори ин нобиғаи футбол, бешак барои ҳазорон нафар намунаи ибрату фидокорист. Зеро ӯ дар як оилаи камбағал ба воя расид ва барои ноил шудан ба дастовардҳои олии то имрӯз расидааш чӣ саъйю талошҳое, ки нанамуд. Худи ӯ дар яке аз хотироташ мегӯяд: “Вақте 15 сола будам, ба ҳамдастагонам гуфтам, ки ман дар оянда футболбози беҳтарини олам мешавам. Онҳо ба ин сухани ман хандиданд.” Аммо бо гузашти акнун 20 сол мебинем, ки воқеан ӯ дар олами футбол яке аз беҳтаринҳои олам гаштаасту ҳамагӣ, чӣ аз мухлисони футбол ва ғайри он ӯро мешиносанд.

Номи аслии ӯ, Криштиану Роналду душ Сантуш Авейру буда, дар шаҳри Фуншали ҷазираи Мадейраи Португалия 5 феврали соли 1985 чашм ба дунёи ҳастӣ кушудааст. Ӯ дар хона фарзанди чорум буда, бародари калониаш Угу (с.т. 1975) ва ду хоҳарбузург бо номҳои Элма (с.т. 1974) ва Лилиана Катя (с.т. 1976) дорад. Криштиану номи аслиаш буда, Роналду номи дувумаш мебошад, ки бо он бештар машҳур аст. Ин номро ба он хотир ба ӯ дода буданд, ки падараш яке аз тарафдорони президенти амрикоӣ Роналд Рейган буд. Номи Роналду тарзи талаффузи Роналди амрикоӣ буда, аслан дар Португалия ин исм чандон маъруфу маъмул нест. Дар хурдсолӣ дастаи дӯстдоштаи Криштиану “Бенфика” буда, дар 8 солагӣ бошад, ӯ дар дастаи ҳаваскорони “Андориня” бозӣ намудааст, ки падараш он ҷо кор мекард. Дар 10 солагӣ, Криштиану бо бошгоҳи “Насионал” қарордод баста, баъди ғалабаи ин даста, ӯро барои ташхиси тиббии серӯза ба бошгоҳи “Спортинг” равон намуданд, ки саранҷом бо ин бошгоҳи лиссабонӣ қарордод баст. Фаъолияти Роналду дар “Спортинг” аз соли 1997 дар дастаи ҷавонони он маншаъ мегирад. Ӯ ягона бозингари ин бошгоҳи португалӣ мебошад, ки дар ҳама ҳайатҳои – то 16, то 17, то 18 солаҳо, ҳайати захиравӣ ва асосии ин даста дар як мавсим ҳунарнамоӣ намудааст. Аввалин маротиба, Криштиану дар ҳайати асосии “Спортинг” 15 августи соли 2001 ба муқобили дастаи “Атлетико” – и Лиссабон дар қисми дуюми бозӣ ба майдон ворид гашта, дар ҳамон бозии аввалинаш ба задани голи нахустини хеш дар ҳайати бошгоҳӣ мушарраф гаштааст. Аввалин ҷоизаи худро дар ҳайати профессионалии бошгоҳӣ, 18 августи соли 2002 дар Суперҷоми Португалия ба даст овардааст. Аммо дар худи ин бозӣ ӯ ширкат надошт.

Аввалин маротиба Роналдуи 16 сола таваҷҷӯҳи сармураббии он вақтаи “Ливерпул” Жерар Улеро ба худ ҷалб намуда, мехост ӯро дар ҳайати “мерсисайдҳо” дохил намояд, аммо роҳбарияти бошгоҳи ливерпулӣ бо сабаби ҷавон будан ва таҷрибаи кофӣ надоштанаш, нахостанд бо ин футболбози ҷавони ояндадор қарордод банданд. Дар тобистони соли дигараш, 2003 бошад, сармураббии номдори “Манчестер Юнайтед” сэр Алекс Фергюсон, ҳангоме, ки дастаи “Спортинг” бо ҳисоби 3:1 “Манчестер Юнайтед”- ро мағлуб намуд, футболбозони “МЮ” – ро бозии зебои ин ҷавони португалӣ ба ваҷд овард ва онҳо сармураббии худ Фергюсонро бовар кунонданд, ки бо ин бозингари ояндадор қарордод ба имзо расонад. Ҳамин тавр, баъди анҷоми мавсими 2002/2003, бошгоҳи англисӣ бо Роналду ба маблағи 12,24 миллион фунт қарордод ба имзо расонданд, ки минбаъд роҳи ӯро дар футболи ҷаҳонӣ ҳамвор сохт. Ӯ дар “МЮ” рақами 28 – ро дархост намуд, зеро дар “Спортинг” таҳти ин рақам бозӣ мекард. Аммо Фергюсон ба ӯ рақами 7 – ро пешкаш кард, то барои ӯ бозӣ намудан таҳти ин рақам боиси ҳадафгузорӣ ба ноил шудани дастоварди футболбозони машҳури пешини ин даста, чун Ҷорҷ Бест, Брайан Робсон, Эрик Кантон ва Дэвид Бекхэм гардад. Ва бешак ҳам чунин гардиду балки беҳтар аз онҳо гашт. Аввалин маротиба, бо пироҳани сурхи “Манчестер Юнайтед” дар майдони Олд Траффорд 16 августи соли 2003 Роналду ба майдон баромад ва дар он бозӣ, “девҳои сурх” бо ҳисоби 4:0 ғолиб омаданд. Аввалин голашро дар “МЮ”, Криштиану 1 ноябри ҳамон сол, 2003 дар бозӣ бо “Портсмут”, ки бо ҳисоби 3:0 ба анҷом расид, ба самар расонд. 25 октябри соли 2005 бошад, ӯ голи 1000 – уми “Манчестер Юнайтед” – ро ба ҳадаф расонид. Баъди ҷамъбасти мавсимҳои 2004/2005 ва 2005/2006 Роналду ҷоизаи махсуси “Футболбози ҷавони сол” – ро, ки тибқи FIFPro таъсис дода буданд, ба даст овард.

Баъдан овозаҳои бозии ин нобиғаи нотакрори футбол вирди забони кули мухлисони ҷаҳони футбол давр мезад. Тобистони соли 2009 президенти бошгоҳи “Реал” - Флорентино Перес Криштиану Роналдуро бо арзиши ҳангуфти 93,4 млн евро харидорӣ кард. Ҳамин тавр Роналду гаронарзиштарин футболбози ҷаҳон гардид. Дар тули 10 солаи фаъолияти пурсамари хеш, Криштиану дар бошгоҳи шоҳона дар 293 бозӣ ба задани 311 гол даст ёфтааст. Роналду баъди фаъолияти тӯлонии худ дар бошгоҳи шоҳона, 10-уми июли соли 2018 бо қиммати 112 млн ба дастаи “Ювентус” гузариш кард. 

Новобаста ба 35 сола шудани худ, Криштиану Роналду ҳанӯз ҳам дар майдон фаъол буда, дар беҳтарин голзанҳои сайёра шомил аст. Дар охирин бозии худ дар ҳайати “Ювентус”, ӯ ба задани 2 гол даст ёфта, барои расидан ба рекорди Шоҳи футбол – Пелеи бразилӣ ҳамагӣ 45 голи дигар мондааст ва бовар меравад, ки албатта ин рекордро хоҳад шикаст.

Ҷоизаҳои бошгоҳӣ:

“Спортинг” (Лиссабон, Португалия)

•         Барандаи Суперҷоми Португалия: 2002

“Манчестер Юнайтед” (Англия)

•         Чемпиони Англия (3): 2006/07, 2007/08, 2008/09

•         Ҷоизадори Ҷоми Англия: 2003/04

•         Барандаи Ҷоми Лига (2): 2005/06, 2008/09

•         Қаҳрамони Лигаи чемпионҳои УЕФА: 2007/08

•         Ҷоизадори Суперҷоми Англия: 2007

•         Соҳиби Ҷоми ҷаҳон байни бошгоҳҳо : 2008

“Реал Мадрид” (Испания)

•         Чемпиони Испания (2): 2011/12, 2016/17

•         Ҷоизадори Ҷоми Испания (2): 2010/11, 2013/14

•         Ғолиби Лигаи чемпионҳои УЕФА (4): 2013/14, 2015/16, 2016/17, 2017/18 

•         Соҳиби Суперҷоми УЕФА (2): 2014, 2017

•         Ғолиби Суперҷоми Испания (2): 2012, 2017

•         Соҳиби Ҷоми ҷаҳон байни бошгоҳҳо (3): 2014, 2016, 2017

“Ювентус” (Турин, Италия)

•         Қаҳрамони Италия: 2018/19

•         Ғолиби Суперҷоми Италия: 2018

Мунтахаби Португалия 

•         Чемпиони Аврупо: 2016

•         Ғолиби Лигаи миллатҳои УЕФА: 2018/19

•         Барандаи медали нуқраи чемпионати Аврупо: 2004

•         Барандаи медали биринҷии чемпионатаи Аврупо: 2012

•         Барандаи медали биринҷии Ҷоми конфедератсия: 2017


Ҷоизаҳои шахсӣ:

•         Барандаи ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» бо фарзияи France Football (3): 2008, 2016[120], 2017[121][122]

•         Барандаи «Тӯби тиллоии ФИФА» (2): 2013, 2014

•         Ҷоизаи «Кафши тиллоӣ» (4): 2008, 2011, 2014[123], 2015

•         Беҳтарин футболбози ҷаҳон бо фарзияи ФИФА (3): 2008, 2016[124], 2017

•         Беҳтарин футболбози ҷаҳон бо фарзияи FIFPro: 2008.

Орзу Раҳимов ва Бурҳон Усмонов махсус барои сомонаи ТВ Футбол

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив