LIVE

«Сампдория» аз харидории бозингари «Наполи» эълон намуд

«Сампдория» дар сомонаи расмии хеш аз гузариши ҳимоягари “Наполи” Лорензо Тонелли эълон намуд.
Хабар дода мешавад,ки бозингари мазкур то охири мавсими ҷорӣ дар сафи «Сампдория» тариқи иҷора бозӣ намуда, танҳо баъд аз ин қарордоди кории мӯҳлаташ то соли 2022 бо Тоннелии 30-сола ҳукми қонунӣ мегирад.
Дар мавсими қаблӣ Тонелли дар сафи «Сампдория» ба таври иҷора майдондорӣ карда буд. Дар мавсими ҷорӣ бошад ин итолиявӣ дар сафи «Наполи» ягон бозӣ ҳам доир накарда буд.
Ёдовар мешавем,ки «Сампдория» пас аз 20 даври чемпионати Италия дар зинаи 16-уми ҷадвали мусобиқот қарор дошта, соҳиби 19 хол аст. «Наполи» бошад дар навбати худ дар зинаи 11-уми чемпионат ҷойгузин буда,дар ҳисоби худ  24 хол дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив