LIVE

Шарафҷон Солеҳов ба Хитой нарафт! Чаро?

Ниммуҳофизатгари дастаи КМВА "Помир" ва тими мунтахаби Тоҷикистон барои ширкат дар бозии дӯстона бо Хитой сафар накард. Солеҳов, ки дар бозӣ бо Афғонистон дақиқаи 46-ум Комрон Турсуновро иваз кард бо сабаби барпо кардани тӯйи домодиаш ҳамроҳи тими миллӣ ба шаҳри Гуанжоу нарафт. Тӯйи домодии ӯ имруз дар маҳалли зисташ дар шаҳри Ваҳдат сурат гирифт. Шарафҷон Солеҳов яке аз футболбозони ояндадори мамлакат маҳсуб ёфта, вақтҳои охир бо ҳунарнамоии муҷаллояш бозингари асосӣ дар дастаи КМВА "Помир" маҳсуб меёбад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив