LIVE

Сарфи 132 млн еврои «Реал» ба ситораҳои ояндааш

Рӯзи 20-уми январ «Реал Мадрид» бо арзиши 30 миллион евро   бо футболбози 18-солаи бразилӣ Рейнйера Жезус шартнома баст. Ин футболбози умедбахшро мадридиҳо аз дастаи «Фламенго» пайдо намуданд. Гузариши футболбоз сарфи маблағҳои бошгоҳи шоҳонаро ба 132 миллион евро боло бурд, ки маблағи мазкур танҳо дар ҷалби футболбозони ҷавон сарф шудааст. 
Скаувтҳои «Реал Мадрид» зери роҳбарии Ҷуни Калафат давоми солҳои охир чунин бозигаронро ба ҳайат ҷалб сохтаанд: Родриго Гоэс (50 миллион евро), Винисиус Ҷуниор (45 млн), Рейнйер Жесус (30 млн), Марко Асенсио (4 млн), Мартин Эдегор (3 млн) ва Такефуса Кубо (ройгон).
Мартин Эдегор – «Лионел Мессии нав» барои ин бозигар 3 миллион евро сарф кард. 
Охири соли 2014 бузургтарин клубҳои Аврупо барои футболбози навраси 16 сола аз Норвегия мубориза бурданд. Истеъдоди фавқулоддаи ниммуҳофизатгар таваҷҷуҳи топ дастаҳои футбол, аз ҷумла «Бавария», «Дортмунд», «Ливерпул», «Манчестер Сити», «Арсенал», «Барселона»   ва «Реал Мадрид»-ро ба худ ҷалб сохт, ки билохира Мартин Эдегор ба дастаи мадридӣ гузашт.  Дар Норвегия ӯро Мессии ҷадид ном мебурданд.  Баъд аз якчанд мавсими иҷора Эдегор аз худ ном баровард ва феълан яке аз беҳтарин бозигарони дастаи «Реал Сосйедад», ки ба ҳайси футболбози кироя бозӣ мекунад, маҳсуб мешавад. 
 Марко Асенсио 3 миллион евро
Дар баробари омоданаш ба «Мадрид» - Марко Асенсио ба «Эспанйол» рафт. Баъди бозгашт Асенсио куллан дар «Мадрид» кушода шуд. Ҳатто ӯ дар финали Лигаи Чемпионҳо дар Кардифф мавсими солҳои 2016/17 гол задааст.  Баъд аз рафтани Зинедин Зидан сифати бозии Асенсио коҳиш ёфт. Арзиши ӯ дар бозори трансферӣ аз 3 ба  90 миллионов евро боло рафт ва «Ливерпул» ба бошгоҳи шоҳона 140 млн пешниҳод кард, аммо мадридиҳо нахостанд то  Асенсио аз дастаашон равад. Марко Асенсио дар ибтидои мавсим аз зонуаш ҷароҳати сахт бардошт ва ба табобат машғул аст. 
Винисиус Ҷуниор – 45 миллион евро 
«Реал Мадрид» соли 2018 барои як футболкори 18 солаи бразилӣ 45 миллион пардохт карда, тавакали бузург намуд. Барои ба даст овардани ӯ ин корро намекард. Имрӯзҳо Винисиус ё дар «Манчестер Сити» ё ин ки дар «ПСЖ» ҳунарнамоӣ дошт. Ҳамлагари умедбахш ҳоло дар ҳайати асосии мадридиҳо мавқеи устувор надорад, аммо бо  дриблингҳои худ Криштану Роналдуро ба хотир меорад. «Реал Мадрид» бо арзиши 100 миллион евро Винисиусро намефурӯшад. 
Родриго Гоэс – 50 миллион 
Баъд аз як соли ҷалби Винисиус ба «Сантяго Бернабеу» боз як  футболбози бразилии дигар Родриго Гоэс омад.  50 миллион барои як футболбози наврас маблағи кам нест, аммо  дар Мадрид ҳама дар ҳунари ӯ ситораи навбатии футболро мебинанд. Хет-трик ба дарвозаи  «Галатасарай», иҷрои пеналтӣ дар Суперҷоми Испания бар муқобили «Атлетико» аз зумраи хотирмонтарин корҳои ӯ маҳсуб мешавад. 
Такефуса Кубо –«Мессии ҷопонӣ»
Барои «Реал Мадрид» дастпарвари «Барселона» бепул омад. Соҳибистеъдодтарин футболбози ҷопонӣ феълан дар «Малйорка» ба иҷора дода шудааст.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив