LIVE

Goodbye Сулшер

Дар бозии даври 24-уми ПЛА дастаи “МЮ” бо тими “Бёрнли” бозӣ кард. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи “Олд Траффорд” сурат гирифта, бо ғалабаи меҳмонон ба анҷом расид. Ҳисоби бозии дастаҳои “МЮ”  ва  “Бёрнли”-ро нахуст ҳамлагари меҳмонон - Крис Вуд бо голи 10-уми худ дар мавсими кунунӣ боз намуд. Ҳарчанд Уле-Гуннар Сулшер дар нимаи дуввум мехост бо иваз намудани футболбозон рафти бозиро дигар намояд, аммо бори дуввум ҳам маҳз футболбозони “Бёрнли” муваффақ шуданд. Дар дақиқаи 56-уми майдондорӣ Ҷей Родригес бо зарбаи қавияш дарвозаи Де Хеаро рахна сохта, ҳисобро 2 бар 0 намуд. Бозӣ то дақиқаҳои 80-ум бо ҳамин ҳисоб идома ёфт. Мухлисони сершумори МЮ бо нишони эътироз анҷоми  бозиро интизор нашуда, “Олд Траффордро” тарк намуданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив