LIVE

Ислоҳоти чашмраси футболи Россия ба нафъи ҳамсоякишварҳост

Бо такя ба фармони махсус дар сомонаи ахборотҳои ҳуқуқии    Россия аз санаи 1-уми июли соли равон футболбозон аз  кишварҳои Шӯрои Иқтисодии Авруосиё дар чемпионати Россия дигар бозингарони зархарид ё ба қавле легионер ҳисоб карда намешаванд.  
 Ёдрас мекунем,ки аз мавсими оянда дар чемпионати Россия қоидаи маҳдудият дар истифодаи легионерҳо  низ таъғир меёбад. Чунин маҳдудиятҳо таҳти нақшабандии 8+17 ҷорӣ шуда, аз ин баъд дар руйхати ҳар даста дар давоми мавсим зиёда аз ҳашт легионер ҷалб кардан мумкин нест. Аммо бар замми ин ҳамаи онҳо метавонанд яку якбора ба майдон бароянд.
Қобили қайд аст,ки Шӯрои Иқтисодии Авруосиё аз соли 2015 инҷониб  амал намуда, аъзоёни он Россия, Арманистон, Белоруссия, Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив