Ҳамлагари тими «Освалдо» Пабло Хуан рекорди футболбози «Пари Сен-Жермен» Неймарро баъд аз ширкаташ дар мусобиқаи Ҷоми Сан-Паулу ҷавонтарин бозигаре шуд, ки дар таърихи мусобиқаи мазкур вориди бозӣ гардид. Зимни баромадаш ба майдон Хуан 15 солу 3 моҳу 24 рӯз доштааст. Бо ин нишондод футболбози мазкур рекорди Неймар, ки соли 2008 бо пироҳани тими «Сантос» дар Ҷоми Сан-Паулу гузошта буд, иваз кард.