LIVE

Буффон ба «Барселона» меравад?

Расонаҳои хабарии аврупоӣ хабар медиҳанд, ки «Барселона» мехоҳад ба Буффон ҳамчун ивазкунандаи эҳтиётии Тер Стеген пешниҳоди ҳамкорӣ кунад.
Дарвозабони дастони тими миллии Италия Ҷан Луиҷ Буффон, ки 30-юми июн дастаи «ПСЖ» — ро холӣ мекунад, аллакай аз ҷониби якчанд бошгоҳҳо пешниҳод гирифтааст. Дарвозабони 41-солаи итолёвиро ба Италия, Олмон, Чин ва ҳамчунин ба дастаи «Фенербахче» даъват намуда истодаанд. Илова бар ин, бошгоҳи машҳури «Барселона» низ ният дорад, ки Буффонро ҳамчун ивазкунандаи эҳтиётии Марк Андре тер Стеген ба даста ҷалб кунад. Худи Буффон то ҳанӯз ба ягон қарор наомадааст ва барои фикр кардан оиди ин пешниҳод муҳлат хостааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив