LIVE

Иско аз миёни «Челси» ва «Ман Сити» якеро интихоб кард

Ниммуҳофизатгари «Реал» - Иско хоҳиши гузариш ба тими «Челси»-ро надорад. Ба ӯ  аз бошгоҳи  лондонӣ дида, тими дигари Премйер-лига - «Манчестер Сити» писанд аст ва ҳавасмандӣ  барои бастани қарордод ҷониби шаҳриҳо кардааст. Тавре гуфта мешавад, ба ҳунари Иско худи сармрабии испании «Ман Сити» Пеп Гвардиола таваҷҷуҳ дорад, зеро дар симати ӯ ҷойгузини Давид Силваро мебинад. Дар ин миён сармураббии «Реал» Зинедин Зидан бошад, барои гузариши футболбози 27 солаи хеш розигӣ надодааст.  Ба назари Зизу  ниммуҳофизатгар набояд дар миёнаи мавсим тағйири даста кунад. Агар сахт хоҳиши тарки мадридиҳоро дошта бошад, бояд нақшаҳои хешро тобистон таҳрезӣ намояд, таъкид доштааст, Зидан.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив