LIVE

Озил 219 кӯдаки ниёзмандро ҷароҳӣ кард

Ниммуҳофизатгари «Арсенал» - Месут Озил дар доираи амалӣ намудани як иқдоми хайриявии худ ба кӯдакони зиёде, ки дар ҷаҳон ниёз ба ҷарроҳӣ доштанд, маблағгузорӣ кард, то табибон ин амали мушкилро анҷом диҳанд. Дар бораи кори  намунавию хайриявии хеш футболбози 31 сола иттилоъ додааст. Озил дар саҳифаи расмии хеш гуфтааст, ки 219 ҷарроҳӣ анҷом дода шуд, вале дар пеш боз корҳои зиёдест, ки бояд анҷом дод.
"Ман бо завҷаи худ қабл аз маросими тӯй, моҳи июни соли 2019 қавл дода будем, ки  ҷони 1000 кӯдаки беморро наҷот мебахшему ҷарроҳиҳои ҳаётан муҳими кӯдакони тамоми дунёро маблағгузорӣ хоҳем кард.  Ташаккур ба кулли меҳмононе, ки дар тӯй ин суханро шуниданду моро ҷонибдорӣ карданд. Миннатдории махсуси хешро ба мухлисону марказҳои байналмилалии тандурустӣ, ки ин лоиҳаро дастгирӣ ва дар он иштирок намуданд, мерасонам. 
Ин ҳоло оғози кор аст! Биёед ба соли 2020 менигарему дар якҷогӣ ба 100-ҳо кӯдаки дигари ниёзманд кӯмаки хешро дареғ намедорем". 
Озил баъд аз ин навиштаҳои хеш расми кӯдаконе, ки бо кӯмаки ӯ ҷарроҳӣ шудаанд, гузоштааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив