LIVE

ФИФА ба “Ливерпул” ҷашн гирифани ҷоизаашро надодааст

Сармураббии “Ливерпул” Юрген Клопп ва бозикунони даста аз он изҳори норозигӣ кардаанд, ки ФИФА ба онҳо иҷозаи таҷлили пирӯзии хешро дар Чемпионати Ҷаҳон миёни бошгоҳҳо бо мухлисонашон надодааст. Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Доҳа ин бошгоҳи англисӣ бо як голи беҷавоб бар тими футболи «Фламенго» дастболо шуд. Дар дақиқаи 99-уми дидор ҳамлагари бразилитабор Роберто Фирмино голи ғалабаоварро ба ҳадаф расонид. Баъди бозӣ мураббӣ бо шогирдонаш хост ҷониби мухлисонашон, ки 1500 километр роҳро тай намуда, ба дастгирии онҳо омодаанд, рафта дар якҷоягӣ ин ғалабаро чашн бигиранд, аммо ФИФА иҷозат надодааст. Масъулони футболи ҷаҳонӣ ин амалро дар таъмини амният унвон кардаанд, вале Клопп бошад, ба ин гуфтаҳо шубҳа дорад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив