LIVE

🎬 «Милан» ба нокаут рафт

Дар даври 17-уми чемпионати Италия «Аталанта» «Миланро» бо ҳисоби бузурги 5:0 торумор кард.

Голҳоро Алехандро Гомес, Марио Пашалич, Луис Муриэл ва Йосип Иличич (дубл) ба самар расониданд.

Дар мавсими кунунии «Серияи А» ин бузургтарин мағлубияти «Милан» ба ҳисоб меравад.

Пас аз ин пирӯзӣ, тими мизбонон бо 31 имтиёз ба зинаи 5-уми ҷадвали чемпионати Италия баромаданд. Тими миланӣ бошад, бо 21 имтиёз дар ҷои 10-ум қарор дорад. 

Дар даври навбатӣ «Аталанта» дар майдони худ бо «Парма»-ро қабул мекунад. «Милан» бошад, дар «Сан-Сиро» бо «Сампдория» рӯ ба рӯ мешавад.
Рақобатҳо 6-уми январи соли 2020 баргузор мешаванд.

Чемпионати Италия. Серияи А. Даври 17-ум

«Аталанта» (Бергамо) — «Милан» (Милан) — 5:0 (1:0)
Голҳо: Гомес, 10. Пашалич, 61. Иличич, 63, 72. Муриэл, 83.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив