LIVE

🎬 Матератси голи хешро аз голи Роналду боло донист

Собиқ муҳофизатгари тими миллии Италия Марко Матератси, ҳамлавари «Ювентус» Криштиану Роналдуро барои задани гол ба дарвозаи «Сампдория»  табрик намуд. Бозии мазкур дар доираи рақбатҳои даври 17-уми чемпионати Италия сурат гирифта,  бо ҳисоби 2:1 ба суди туриниҳо ба анҷом расид. Футболбози 34 солаи португалӣ зимни иҷрои зарба ба баландии 71 см ҷаҳиш намуд, ки баъд аз натиҷагириҳо маълум карда шуд, ки ҳангоми иҷрои зарба сари Роналду дар баландии 256 см аз замин қарор доштааст. 
Ҳамзамон Марко Матератси бо ишора ба он, ки голи Роналду қариб монанди голи ман аст, аксеро аз замони корномаи хеш гузоштааст. Муҳофизатгари итолёвӣ низ барои он, ки муъаллифи гол гардад, 2,7 метр ба баландӣ ҷаҳиш намудааст.



Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив