LIVE

«МЮ»-ро Капитанаш тарк мекунад

Эҳтимол меравад, ки муҳофизатгар ва сарвони «Манчестер Юнайтед» - Эшли Янг бо анҷом ёфтани мавсими кунунӣ тарки даста кунад.  Роҳбарияти клуби англисӣ дар оянда ба ин футболбози худ қарордодро тамдид карданӣ нест ва муҳлати он соли 2020 ба анҷом мерасад. Худи муҳофизатгари 35 сола бошад, корномаи варзишии хешро бо ҳамин хотима бахшиданӣ нест ва якчанд пешниҳодҳо аз ҷониби тимҳои дигари Премйер-лигаро дорад. Эшли Янг дар ҳайати девҳои сурх 250 бозӣ гузаронида, ба задани 19 гол даст ёфтааст. Янг соли 2011 аз «Астон Вилла» ба «Манчестер Юнайтед» гузариш намуда буд. 

 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив