Моҳи январи соли 2020 тими мунтахаби футболи Тоҷикистон бо дастаи яккачинӣ Эрон бози дӯстона анҷом медиҳад. Дар ин бора Усмон Тошев сармураббии дастаи мунтахаби мо дар мусоҳибаи баъди бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Сури (0:0), ки дар Чин баргузор шуд, хабар дод.
Ӯ гуфт:
- "Хушҳолем, ки як дастаи қавӣ пешниҳоди бозии рафиқона кард. Акнун бо хушҳолӣ моҳи январ мо бо дастаи миллии Эрон дидори дӯстона анҷом медиҳем. Мақсад дорем тамоми футболбозони асосиро ба ҳайат ҷалб карда, ҳолати феълии тимро аз назар гузаронем"
